• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Сада – ҷашни ниёгон!

Migration Service by Migration Service
30.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Сада – ҷашни ниёгон!
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Сада ҷашни мулуки номдорон аст,

Зи Афаридуну Ҷамшед ёдгор аст.

Мо махсусан ифтихор дорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами маҳбуби миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи анъана ва расму оинҳои ниёгонамон тадбирҳои бузург андешидаанд, ки сарчашмаи ҳуввияти миллии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш “Аирйанам Ваеҷаҳ” (Фарохнои Ориёно) падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Ҳамон гунае, ки ҷашни Наврӯз ва Меҳргон дар осори шоирону адибони тоҷик инъикос ёфтааст, оҳанги сада низ дар осори файласуфон ва шоирони гузаштаи мо, аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Абулфазли  Балъамӣ, Фирдавсиву Унсурӣ, Умари  Хайём ва дигарон низ ривоҷи зиёде дорад, ки Ҳоқонии Шервонӣ дар ин маврид чунин гуфтааст.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Сада яке аз ҷашнҳои бостонии мавсимӣ ва мардумии нажодӣ ориёист, ки дар рузи 10-уми моҳи Баҳман тақвими шамсӣ таҷлил шуда, тибқи он ба охири шаби 30-юм ва аввали 31-уми январ тақвими офтобӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз чил рӯзи фарорасии Шаби Ялдо ё пас аз гузаштани сардии зимистон фаро расад ва ҳамчун ҷашни маросими оташпарастӣ ва бузургии Меҳр истиқбол шуд.

Дар он рӯз одамон, махсусан деҳқонон  каналу ҷуйборҳо ва кӯчаҳо кофта, заминро шудгор карда, ба он пору мепошиданд, барои кишти тухмӣ тайёр мекарданд. Аз рӯи анъанаи аҷдодӣ ошпазони ҷашнвора, нонпазӣ, фатир, қалама ва меваҷот оро дода, асосан аз ғалла ғизо омода мекунанд. Дар ин рӯз таомҳои идона аз қабили қурутоб, умоч, далда муҳим дониста мешаванд.

Ин ҷашн ёдгории даврони ориёиҳост, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онҳо ба Ҳушанг нисбат дода мешавад. Аз он ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” дар бораи иди Сада нақл мекунад, ки Ҳушанг боре ҳамроҳи хешу табораш ба шикор рафта, дар кӯҳсор мори дарозеро дидааст. Ҳушанг санги калонеро гирифта ба тарафи мор партофт, мор хазида рафт, аммо ин санг ба санги дигар бархурд, шарораҳо парид ва хасу хушк оташ гирифт. То индам мардум  оташ афрӯхтаниро намедонистанд ва онро неъмати Худо хонданд. Ҳушанг аз Худованд шукрона кард, ки асрори оташафрӯзиро ба мардум фош кардааст ва барои таҷлил аз ин ҳодиса ба шаҳри худ баргашт.

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимӣ ва маросимии мардуми ориёӣ, аз ҷумла аҷдоди тоҷикон буда, ҳамчун рамзи бузургии Митро (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва хушхабар қабул шудааст. Фарорасии Сада рамзи гузашти зимистон буд, ки ба мардум муждаи аввалини баҳоро овард ва деҳқононро ба кишту кор ва дар саҳро омода мекард. Сада бо оташи дурахшони худ сардии зимистонро бо равшанӣ ва гармии баҳор мепайвандад ва мардум бесаброна 50 шабу 50 рӯзро ҳисоб карда, барои таҷлили бузургтарин ҷашни баҳор ва таҷлили Соли нави ибтидоӣ – Наврӯз омодагӣ мегиранд.

Ғайбуллоев Б.,

Мудири бахши Хадамоти  муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ

Previous Post

Сарҷамъиву муттаҳидӣ миллатро ба саодату комгорӣ мебарад

Next Post

Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар ноҳияи Айнӣ

Next Post
Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар ноҳияи Айнӣ

Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.