• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

САНҶИШ ДАР ФЕҲРИСТИ ШАХСОНИ НАЗОРАТШАВАНДА ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Migration Service by Migration Service
13.02.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
САНҶИШ ДАР ФЕҲРИСТИ ШАХСОНИ НАЗОРАТШАВАНДА ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия аз 5 феврали соли 2025 Феҳристи шахсони назоратшаванда дар қаламрави кишвари иқомат ба фаъолият оғоз намуд.

Феҳристи шахсони назоратшаванда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷойгир буда, ҳар шаҳрванд вобаста ба муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ метавонад, тавассути линки мазкур вазъияти будубоши худро дар ҳудуди Федератсияи Россия муайян намояд.

http://xn--b1aew.xn--p1ai/rkl

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар портали худхизматрасонии “Хизматрасониҳои давлатӣ” (госуслуги) ҳуҷраи шахсӣ доранд, онҳо низ метавонанд, тавассути барномаи мазкур вазъи ҳуқуқии будубоши худро санҷиш намоянд.

http://gosuslugi.ru/655781/1/form?_=1739004601525

Мавриди зикр аст, ки ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шаҳрвандони хориҷие шомил мешаванд, ки пас аз ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия будубоши худро ба қайд нагирифтаанд, бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дар кишвари иқомат фаъолият доранд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави кишвари иқомат содир намудаанд.

Аз 5 феврал то инҷониб зиёда аз 688 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Феҳристи шахсони назоратшаванда вазъи худро санҷиш намудаанд. Айни замон, тибқи иттилои мақомоти марбутаи кишвари иқомат аз ин шумора 592663 нафар дар кишвари иқомат қонунӣ фаъолият дошта, 95608 нафар шаҳрванди хориҷӣ ғайриқонунӣ фаъолият доранд.

Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки агар ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат фаъолият доред ё имкони тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмиро надоштед ва дар ин самт ҳамеша мушкилӣ пеш меомад, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 имкон доред, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошатонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубош намоед.

Вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шуъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии федералии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоед.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;

5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Previous Post

Ҳушёрӣ ва зиракӣ – асоси амният ва суботи Ватан

Next Post

Занон – дар меҳвари Паём

Next Post
Занон – дар меҳвари Паём

Занон – дар меҳвари Паём

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.