Аз 18 то 21 феврали соли 2026, ҳайати Санкт-Петербург бо роҳбарии Евгений Кассюра, муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург, барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҳайат инчунин роҳбари Ассотсиатсияи Санкт-Петербург оид ба мусоидат ба муҳоҷирати байналмилалии меҳнатӣ шомил буданд.
Дар давоми сафар, ҳайати Санкт-Петербург 19 феврал соли 2026 бо Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нодирзода Иматшо, мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе Норматов Диёр ва МД “Агентӣ бо кортаъмикунӣ ба хориҷа” Раҷабов Ҷумъа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.
Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.
Дар рафти суҳбат байни Ассотсиатсияи Санкт-Петербург оид ба мусоидат ба муҳоҷирати байналмилалии меҳнатӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ дар ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар Федератсияи Россия баррасӣ шуданд.
Бояд қайд кард, ки аз соли 2019 инҷониб, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия амал мекунад. Харитаи роҳ, ки чораҳои мушаххасро барои татбиқи ин Созишнома муайян мекунад, имзо шудааст. Корҳо мувофиқи талаботи алгоритми интихоби қувваи корӣ, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия таҳия шудааст, анҷом дода мешаванд.
Дар фарҷомӣ вохӯрӣ намояндагони Санкт-Петербург аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
