Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба марҳилаи нави таърихӣ, яъне аз давлатсозӣ ба давлатдории миллӣ устуворона ворид мешавад. Дар фосилаи 34 соли соҳибистиқлолӣ мамлакати мо таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид. Мусаллам аст, ки дар татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ нақши Паёми Сарвари давлат чун барномаи амал хеле бузург аст. Ин ҳуҷҷати раҳнамоӣ шурӯъ аз соли 2000 – ум оғоз ёфта, то ин ҷониб ҳар нуктаву банди он собитқадамона иҷро мешавад.
Паёми навбатӣ, ки фарогири таҳлили ҳама соҳаҳо буд, бисёр мушикофона бо овардани мисолҳои возеҳ шарҳу тафсир дода шуд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки “…дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.
Воқеан ҳам, дар сиёсати давлатии Пешвои муаззами миллат баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинон. Беҳбуди бахши соҳаи мактабу маориф, тандурустӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоиста ба мардум ҷойгоҳи хоса дорад. Дар иҷрои ин рисолати бузург Сарвари давлат пеш аз ҳама ба аҳли зиё, омӯзгорону табибон ва ба қишри пешрави ҷомеа – ҷавонон ва бонувон такя мекунанд.
Дар урфият мегӯянд, ки ҳар чи киштӣ, ҳамонро хоҳӣ гирифт. Яъне он таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои адабпарвари мо самар оварда, имрӯз дараҷаи савод, ҷаҳонбинӣ, ҳунару малакаи аҳли ҷомеа хеле боло рафта истодааст. Калиди ин ҳама пешравиҳо минбари васеъ кушодан ба нафароне, ки воқеан ҳам илмдӯст ҳастанду аз паи мукаммал гардонии дониш шуғл меарзанд, мебошад. Таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, қадршиносии олимони ҷавон худ шаҳодатгари он аст, ки давлат дар масири тарбияи кадрҳои соҳибтахассус устуворона пеш меравад.
Алҳол пешорӯи мамлакати мо пешбурди саноати сабук, таҳким бахшидани иқтидори истеҳсолӣ, самаранок истифода бурдани нерӯи зеҳнӣ, дастгирии олимону коршиносоне, ки дар самти ихтирову навоварӣ саҳмгузор ҳастанд мебошад.
Ба андешаи Пешвои муаззами миллат танҳо миллати босавод метавонад мероси гаронбаҳоро ба ояндагон боқӣ гузорад. “Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйи нашаванда боқӣ хоҳанд монд”.
Хуб чӣ бояд кард, ки имрӯз нерӯи зеҳнӣ бар нафъи миллат дуруст корбурд шавад. Аввлан ба андешаи ман муассисаҳои таълимии хоси равияҳои риёзиву илмҳои дақиқро ба маротиб зиёд кардан лозим аст. Дар ин гуна марказҳо беҳтаринҳо гирд карда шаванд. Ба омӯзгороне, ки махсусан ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология сару кор мегиранд, имтиёзҳои бештар додан лозим, ҳатто дар қиёс бо дигар фанҳо бояд маоши вазифавии омӯзгорони фанҳои дақиқ баланд карда шавад. Дуввум мактаби устоду шогирд ҳанӯз аз давраи мактабӣ то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз нав эҳё карда шавад. Ба ҷузъ аз олимпиадаҳо, ки ҳамеша мавсимӣ сурат мегирад, бо ташаббуси мақомоти иҷроия, раёсати маориф озмуну мусобиқаҳо байни шаҳру ноҳияҳо доир карда шавад. Беҳтаринҳо ба Маркази дарёфи рушди истеъдодҳо ҷалб карда шаванд.
Ин ҳама аз куҷо сарчашма мегирад. Аз кӯдакистон, баъдан зинаи мактабӣ ва муассисаи олӣ. Бояд ҳар як хонанда мувофиқи шавқу завқаш омӯзонида шавад.
Яке аз василаҳои дастёб шудан дар самти тараққиёт ин пеш аз хама тафаккури техникии аҳли ҷомеаро бояд боло бардорем. Ин амал ҳанӯз 15 сол пеш зимни эълони Соли фарҳанги техникӣ тарҳрезӣ шуда буд. Дар ин фосила даҳҳо барномаву стратегияҳои давлатӣ рӯи кор омада, дар аксари муаиисаҳои таҳсилоти олии касби системаи идоракунии итттилоотӣ ҷорӣ гардид. Ҳоло дар бештари муассисаву ташкилотҳо иҷроиши “Ҳукумати бекоғаз” собитқадамона пеш меравад. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд.
Ин ташаббус барои пайванди инноватсия бо истеҳсолот таккони бузурге хоҳад бахшид. Махсусан дар ҷодаи тарбияи мутахассисони барномасоз заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.
Омили дигари таҳрикдиҳандаи афкори аҳли ҷомеа ин роҳнамоии падаронаи Пешвои миллат ба хурду бузурги кишвар аст. Яъне одамияти баланд, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар. Хоҳару бародар бояд дар зиндагӣ шиори ҳар як нафар бошад. Маҳз ҳамин хислати ҳамидаи инсонӣ аз таърихи қадимаву тамаддуни бойи мо дарак медиҳад. Имрӯз, чанд омилҳое ҳастанд, ки барои коҳиш ёфтани меҳру муҳаббат халал ворид мекунад. Пеш аз ҳама нафсоният, кибру ғурур, дур будан аз маърифат, таасубу ҳурофотпарастӣ мебошад. Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир, вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳон моро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошем, фарзандонамонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ дорем, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем.
Суханони пурҳикмати Пешвои муаззами миллат “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам” бояд шиори ҳаррӯзаи мо бошад.
Ахмедов Мустақим,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара