“Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ин нидои муҳаббатомези Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз умқи қалби фарзанди фарзонаи миллат садо медиҳад, барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст чун раҳнамо ва рисолат арзиш дорад. Дар суханони Сарвари давлат ҳушдор, умед, масъулият ва паймон бо миллат эҳсос мешавад — паймон барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бақои истиқлол.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон шоҳиди ноамниву низоъҳои шадид аст, вақте кишварҳои зиёде бо хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ ва таҳдидҳои идеологӣ рӯ ба рӯянд, мо — тоҷикон — бо шукронаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ зери парчами ягона зиндагӣ мекунем. Вале ин оромиш худ аз худ ба даст наомадааст. Он натиҷаи заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти давлат, хирадмандии мардуми мо ва азму иродаи устувори як миллат барои зиндагии шоиста мебошад.
Истиқлол ва озодӣ ҳамчун муқаддастарин неъмат ба насли мо имкони худшиносӣ ва худсозиеро дод, ки ҳазорон сол орзуи ниёгонамон буд. Ҳар як дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ — аз роҳсозиву мактабу беморхонаҳо то муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ — маҳсули ҳамин озодӣ ва ваҳдат аст.
Ваҳдати миллӣ бошад, асоси пойдории ҳар давлат ва омили мустаҳками якпорчагии ҷомеа аст. Ваҳдат мафҳуме нест, ки танҳо дар рӯзҳои таҷлил ба ёд оварда шавад. Ин фарҳанги ҳамзистӣ, бахшоиш ва эҳтироми тарафайн аст, ки бояд дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо реша бидавонад.
Ҳар як ҷомеа имкон дорад бо таҳдиду душвориҳо рӯ ба рӯ шавад. Вале ҷомеае ки сарҷамъ ва муттаҳид аст, ҳатман пирӯз мебарояд. Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва манфиатҳои миллӣ ҳар як шаҳрванди кишвар бояд масъулият эҳсос кунад.
Ба гуфтаи Сарвари давлат: “Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шарти асосии пешрафти давлат ва рушди ҷомеа мебошад”. Пас биёед, ҳар кадоми мо дар роҳи таҳкими ин арзишҳо кӯшиш намоем. Истиқлолият, озодӣ ва ваҳдати миллӣ — на танҳо рамзи ифтихори миллист, балки рукни ҳастии давлатдории навини тоҷикон аст.
Сафарзода Баҳодур,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик