• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Сарфаи барқ – масъулияти ҳар яки мост!

Migration Service by Migration Service
30.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Сарфаи барқ – масъулияти ҳар яки мост!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар шароити рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши аҳолӣ, масъалаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ, аз ҷумла нерӯи барқ, яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ на танҳо воситаи кам кардани хароҷоти шахсӣ ва давлатӣ мебошад, балки ба ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти энергетикии кишвар мусоидат мекунад.

Рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як самти муҳим ва стратегӣ дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад. Тоҷикистон дорои манбаҳои бойи энергетикӣ, бахусус манбаҳои обӣ аст, ки дар рушди соҳаи энергетикаи сабз нақши муҳим дорад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро барои беҳтар кардани инфрасохтори энергетикии худ ва таъмини аҳолӣ бо барқ равона мекунад. Бештари истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои обӣ аст, ки аҳамияти онҳо барои таъмини аҳолӣ ва рушди иқтисод муҳим мебошад.

Саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи энергетика беназир аст. Бо ибтикори ин шахси бузург дар кишвар бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии Роғунро сохта истодаанд. Он яке аз лоиҳаҳои муҳим барои Тоҷикистон дар дарёи Вахш буда, баъди анҷоми лоиҳа сарбанди НБО-и Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон бо иқтидорӣ 3600 МВт мерасад.

Истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ маънои истифодаи оқилонаи он дар тамоми бахшҳои зиндагӣ ва истеҳсолотро дорад. Ин амр аз ҳар як шаҳрванд масъулият ва фарҳанги муносибат бо манбаҳои энергетикиро тақозо мекунад. Татбиқи технологияи каммасраф, хомӯш кардани таҷҳизоти барқӣ пас аз истифода ва истифодаи лампаҳои каммасраф мисоли равшани чунин муносибати сарфакорона мебошанд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таъкид шудааст, ки вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъул вазифадор мешаванд, ки ба татбиқи саривақтии лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа, бахусус дар самти кам кардани талафоти барқ тадбирҳои муассир ва самаранок андешанд. Ин масъала махсусан муҳим аст, зеро талафоти барқ дар ин соҳа ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории интиқоли энергетикӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Мутаассифона, то ҳол ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, аз қабили пайвастшавии худсарона ба шабакаҳои барқӣ, баргардонидани ҳисобкунакҳо ва дуздии барқ, ба мушоҳида мерасанд. Ин гуна кирдорҳо боиси талафоти иқтисодии ширкатҳои энергетикӣ, вайроншавии низоми таъминоти барқ ва зиён дидани манфиати шаҳрвандони дигар мешаванд.

Бо мақсади таҳкими назорат ва пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ дар бахши истифодаи нерӯи барқ, меъёри нав ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки барои тағйир додани нишондоди ҳисобҳои барқ ва истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷазои сахт таин шудааст. 2 – юми апрели соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ки бо мақсади таҳкими ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ таҳия шудаанд, қабул намуд. Лоиҳаи мазкур дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 27-уми марти соли 2025 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардидаанд.

Моддаи нав дар Кодекси ҷиноятӣ муқаррар менамояд, ки барои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ, вайрон кардани муҳрҳои ҳисобкунак ё таҷҳизоти барқии шабака, бо мақсади истифодаи ғайримуқаррарӣ ё кам кардани ҳаҷми ҳаққи истифодаи барқ, шахс метавонад ба муҳлати то ду сол аз озодӣ маҳрум гардад ва ё ҷаримаи калон пардозад. Дар ҳолати такрор ё зарари калон расондан, муҳлати ҷавобгарии ҷиноятӣ метавонад зиёдтар гардад.

Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва риояи қонунгузории марбут ба он на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як шахс мебошад. Танҳо дар ҳамбастагӣ метавон ба истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикии кишвар ноил гардид. Илова бар ин, тағйиру иловаҳои воридгардида ба Кодекси ҷиноятӣ нишонаи ҷиддияти давлат дар муқобили қонуншиканӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошанд.

Ахмедов Мустақим,

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар  шаҳри Исфара

Previous Post

Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи Ватан аст

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Конибодом идома дорад

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Конибодом идома дорад

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Конибодом идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.