Пешгирӣ намудани ифротгароӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ ва сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Зеро пайвастани баъзе аз қишрҳои гуногуни ҷомеаи имрӯз ба гурӯҳҳои тундгаро ва ё пазируфтани идеологияи экстремизму терроризм ба таъмини амнияти миллӣ таҳдид мекунад.
Ҳоло майлу пайвастагии баъзе аз ҷузъи ҷамъияти инсонӣ ба ташкилоту созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи ифротӣ гуногун мушоҳида мегардад.
Пас, чӣ гуна муҳити зист ба мағзшӯӣ ва ба дараҷаи радикализатсияи шахсият таъсир мерасонад? Дар пешгирии ин мушкилот нақши кадом ниҳод бештар ба назар мерасад? Ин ва дигар суолҳо борҳо мавриди таҳқиқи олимону донишмандон, коршиносони дохиливу хориҷӣ, файласуфону ҷомеашиносон,
ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, равоншиносон, диншиносон ва дигар мутахассисони соҳаи ҷамъиятшиносиву педагогика қарор гирифтаанд.
Вале мавзӯи матраҳшаванда ҳанӯз ҳам ниёз ба таҳқиқ ва ҷустуҷӯи роҳу усулҳои нави илмӣ дошта, аз муҳимтарин масъалаи рӯз ба ҳисоб меравад.
Бо баинобатгирии пажӯҳишҳои илмии мухталифи марбут ба ин мавзӯъ нақши оиларо метавон дар ташаккули шахсият ва пешгирии ифротгароӣ муҳим арзёбӣ намуд, зеро он назар ба дигар қишрҳои ҷомеа таъсиргузор мебошад.
Оила яке аз панҷ институти бунёдии иҷтимоии ҷомеа маҳсуб ёфта, оромии ҷомеаро таъмин ва имконият дорад, ки худистеҳсолкунии инсониятро иҷро намуда, аз насл ба насл афзоиш диҳад.
Аз ин рӯ, омӯзиши масоили оила мавзӯи сотсиологӣ буда, аз рӯйи нишона ва вазифаҳое, ки дар ҷамъият иҷро мекунад, ба гурӯҳи хурд дохил мешавад.
Олимону муҳаққиқон ва мутафаккирон вазифаи аввалиндараҷаи оиларо тарбияи насли солими ба ҷамъият манфиатовар медонанд ва дар як вақт онро мояи ифтихор мешуморанд.
Чунончи муҳаққиқи тоҷик Зумрадхон Ҳакимова дар таҳқиқоти худ баён менамояд, ки “Дар замони Зардушт мақсади асосии издивоҷ дар натиҷаи расидан ба балоғати ҷисмонию рўҳӣ, барои қавми худ ва ҷамъияти худ овардани фарзандони накӯ ва барўманд буд.”
Ҳар хонаводае, ки ба ҷамъият фарзандони зиёд ва шоиста тарбият менамуд, барои он хонавода ин хизмат мояи ифтихор маҳсуб мегашт.
Муҳаққиқони хориҷӣ нақши оиларо дар дингароӣ сахт вобаста шуморидаанд.
Дар пажӯҳишҳои хориҷӣ, ки аз рӯи намунаи шахсоне, ки амалҳои дорои хусусияти террористӣ содир кардаанд, нақши муҳими оила дар радикализатсия қайд карда шудааст.
Оила ҳамчун барандаи арзишҳо ва муҳити иҷтимоӣ ва мутобиқсозии шахсият дар ҳолатҳои бӯҳронӣ. Диққати махсус ба қобилияти фаъолияти оила дар шароити стресс дода мешавад.
Дар воқеъ омили дигари бегонапарастӣ ва гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ ин паст будани донишҳои диниву дунявӣ, надоштани маърифату фарҳанги сиёсӣ ва паст будани маданияти ҳуқуқӣ мебошад.
Ин бозгӯи дараҷаи пасти донишҳои диниву дунявӣ ва маълумотнокии муҳити оилавиро бозгӯ менамояд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки дар кишварҳои демократӣ, аз ҷумла Тоҷикистон шароиту имкониятҳои зиёд барои ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Хосатан ҷиҳати фаро гирифтани ҷавонон ба касбу кори гуногун ва маълумотнокии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Паст будани маърифати динӣ ва бесаводии динӣ, аз ҷумла мазҳабӣ ба бегонапарастӣ оварда мерасонад.
Аз ин лиҳоз, доштани маърифати баланди оиладорӣ дар пешгирии ифротгароӣ нақши хеле муҳим мебозад.
Муминзода Боймуҳаммад Шариф,
муовини сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси
Хадамоти муҳоҷират