Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои хусусияти ғайриинсонӣ ба шумор рафта, ки ҳуқуқу озодиҳои бунёди инсонро поймол намуда, ба ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандон хатари ҷиддӣ мерасонад. Ин падида на танҳо мушкилӣ як шаҳрванд ё давлат, балки масъалаи глобалӣ мебошад, ки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Бо вуҷуди рушди технология, баланд гардидани сатҳи маърифат ва қабули санадҳои байналмилалӣ, савдои одамон то ҳол ҳамчун тиҷорати пинҳонии сердаромад боқӣ мондааст.
Муқовимат ба савдои одамон вазифаи муқаддаси ҳар як давлат, ниҳодҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва худи шаҳрвандон мебошад. Танҳо тавассути ҳамкории дастаҷамъона ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа метавон ба ин зуҳуроти номатлуб муқобилияти муассир нишон дод.
Савдои одамон ин ҷалб, интиқол, пинҳон кардан ё қабул намудани шахс бо мақсади истисмор мебошад. Истисмор метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад, аз ҷумла: истисмори меҳнатӣ; истисмори ҷинсӣ; маҷбур намудан ба талбандагӣ; никоҳи маҷбурӣ; ҷалб ба фаъолияти ҷинояткорӣ; фурӯшии узвҳои инсон ва ғайраҳо.
Қурбониёни савдои одамон бештар занон, кӯдакон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, зеро онҳо дар ҳолати осебпазир қарор доранд. Бекорӣ, камбизоатӣ, паст будани сатҳи маълумот, фиребу ваъдаҳои кори сердаромад дар хориҷи кишвар аз омилҳои асосии афзоиши ин ҷиноят ба шумор мераванд. Вақте ки шахс имкони таъмин намудани зиндагии шоистаро надорад, ба ваъдаҳои бардурӯғи миёнаравон бовар мекунад. Бисёр ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки одамон бо умеди дарёфти кори муносиб ба доми ҷинояткорон меафтанд.
Омили дигар, паст будани маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Бисёре аз шаҳрвандон намедонанд, ки чӣ гуна бояд шартномаи меҳнатиро тафтиш кунанд, ҳуқуқҳои худро ҳимоя намоянд ё дар ҳолати хатар ба куҷо муроҷиат кунанд. Набудани маълумоти кофӣ онҳоро осебпазир мегардонад.
Инчунин, рушди технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷинояткорон имконияти васеъ фароҳам овардааст. Онҳо тавассути интернет эълонҳои бардурӯғ ҷойгир намуда, шаҳрвандонро ба доми худ мекашад.
Пешгирии савдои одамон нисбат ба мубориза бо оқибатҳои он осонтар ва самараноктар мебошад. Барои ин зарур аст, ки сатҳи шуғлнокии аҳолӣ баланд бардошта шавад, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, барои гурӯҳҳои осебпазир барномаҳои иҷтимоӣ бештар таҳия ва амалӣ гардонида шавад. Инчунин, таъмини дастрасӣ ба таҳсил ва омӯзиши касбӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт муҳим мебошад. Танҳо тавассути пешгирии омилҳои заминавӣ метавонад сатҳи чунин ҷиноятҳоро кам намояд.
Урунбоев Б,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен

