Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ, касбӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳҳои расмӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ба Давлати Қатар сафарбар мешаванд, санаи 25 июли соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” семинар-машварати омӯзишӣ барои хоҳишмандоне, ки майли сафарбаршавӣ ба Давлати Қатар доранд, баргузор гардид.
Тавре аз Маркази машваратӣ иттилоъ доданд, ҳадафи асосии баргузории семинар-машварат, ин шинос намудани хоҳишмандон-коргарон бо шарту шароити кор ва зиндагӣ дар Давлати Қатар мебошад. Ҳамзамон, ба иштирокдорон маълумот оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ ва нофаҳмӣ миёни корфармо ва кормандон, омӯзишӣ масъалаҳои фарҳангӣ, забон ва иҷтимоии кишвари қабулкунанда, мебошад.
Дар ҷараёни семинар-машварат иштирокчиён, инчунин маълумоти муфассал дар бораи санадҳои зарурӣ барои сафар, қоидаҳои будубош дар Давлати Қатар, масъалаҳои суғуртаи тиббӣ ва меҳнатӣ, инчунин механизмҳои ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, марказҳои дастгирии муҳоҷирон дар кишвари қабулкунанда, шиносоӣ пайдо намуданд.
Ҳамин тавр, ин тадбир ба сифати як марҳилаи муҳим дар равандҳои омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти иҷтимоии онҳо, ҳамзамон паст кардани хавфи қонуншиканиҳо ва мушкилоти эҳтимолӣ дар кишвари қабулкунанда мусоидат хоҳад кард.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират