• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Семинар-омӯзиш дар Хадамоти муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
26.02.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Семинар-омӯзиш дар Хадамоти муҳоҷират
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд. Дар ин раванд бо мақсади роҳ надодан ба ҳаргуна шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон дар ҷумҳурӣ мақомоти дахлдори давлатӣ фаъолияти натиҷабахш дар мавқеъи ҳифзу риоя аз ҳуқуки инсон доранд. Аз ин лиҳоз, 25 феврали соли равон, бо ибтикори Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони Хадамоти муҳоҷират семинар-омӯзиш дар мавзуи: “Хариду фурӯши одамон ва қочоқи ғайриқонунии муҳоҷирон” баргузор гардид.

Дар он кормандони Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD, дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз саафри муҳоҷирони меҳнатӣ”дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар замони муосир савдои одамон бо шаклу намудҳое, ба мисли меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, қочоқи ғайриқонунии муҳоҷирон, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ зуҳур карда, объекти ингуна ҷиноятҳо озодии шахсии инсон мебошад. Бо истифода аз таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб инсон предмети хариду фурӯш ва аҳд мегардад, ки дар ин замина ҳуқуқу озодиаш поймол мешавад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин қабил ҷиноятҳо ҷиноятҳои дараҷаи хавфнокиаш вазнин ва махсусан вазнин эътироф шудаанд. Зеро ҳамчун поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва халалдоркунандаи суботи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа метавонанд ба низоми сиёсии давлат таъсир гузоранд. Аз ин лиҳоз, дар дохил ва хориҷи кишварҳо ҷиҳати коҳиш додан ва пешгирӣ аз он чораҷӯӣ карда мешавад.

Дар ҷараёни семинар – омӯзиш маърӯза аз ҷониби намояндаи Идоракунии лоиҳаи миллии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Фирдавс дар мавзуи “Беҳтар кардани идоракунии муҳоҷират ва некӯаҳволии муҳоҷирон дар кишварҳои интихобшудаи Роҳи Абрешим” ироа гардид.

Бояд қайд кард, ки муқовимат ба савдои одамон дар заминаи санадҳои байналмилалӣ, муқаддима ба савдои одамон, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, омилҳои виктимологии пешгирии ҷиноятҳои савдои одамон, принсипҳои муошират бо қурбониён ва ба ҷавобгарӣ накашидани қурбониёни савдои одамон мавзӯъе буд, ки мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт.

Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи пешбинишуда, яъне “Хариду фурӯши одамон ва қочоқи муҳоҷирон” ба маърӯзачӣ саволҳо пешниҳод ва ҷавобҳои мушаххаси қонунан асоснок гирифтанд. Илова бар ин, назару андешаи иштирокчиён оид ба мавзӯи баррасишаванда шунида шуда, ҷиҳати омӯзиш қарор гирифт.

 Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Мақоми зан дар ҷомеа

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.