10 феврали соли 2026, бо ташаббуси кормандони Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD), дар Хадамоти муҳоҷират барои кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Марказҳои омӯзишӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар мавзӯи “Мушкилоти асосие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани раводид дучор мешаванд” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳадафи ин чорабинӣ муҳокимаи мушкилоти асосии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани раводид, механизмҳои муайян ва вокуниш ба қаллобӣ дар раванди раводид ва хидматҳои тамос бо TLS буд.
Сипас, модераторҳо кори худро оғоз карданд ва ба иштирокчиён мавзӯъҳо ва ҳадафҳои семинарро муаррифӣ карданд. Баҳси ниҳоӣ, ҷаласаи саволу ҷавоб ва хулоса баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

