Семинари омӯзишӣ дар Хадамоти муҳоҷират

19 август, бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва Адолат” дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти муҳоҷират семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Масоили танзими ҳуқуқии фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкории шахсони паноҳҷӯянда ва гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандони Хадамот баргузор гардид.

Тавре дар суҳбат сарвари ТҶ “Инсон ва Адолат” Давлатшоев Ширинбек иброз намуд, мақсад аз гузаронидани чунин семинарҳои омӯзишӣ дар роҳи баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ дар самти риояи ҳуқуқи инсон равона шуда, ба амалигардонии барномаи давлатӣ “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон” мусоидат хоҳад намуд.

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид”.

Дар кори семинар зиёда аз 20 нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират аз шаҳри Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб ширкат варзиданд.

Дар семинар ба иштирокчиён дар мазӯъҳои: низоми санадҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, шаклҳои муҳоҷирати байналмилалӣ. Унсурҳои мафҳуми гуреза тибқи Ковенсия дар бораи мақоми гурезаҳо аз соли 1951 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”,Тафовути вазъи ҳуқуқии гурезаҳо аз шаҳрвандони хориҷӣ, талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кор ҷалб кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва гурезаҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ дар ҶТ, ҳуқуқи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ба меҳнат, фаъолияти соҳибкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи муроҷиат ба суд дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба додани мақоми гуреза ҳангоми рад кардани додани мақоми гуреза ва ё маҳрум сохтан аз мақоми гурезагӣ маълумоти муфассал ирсол гардид.

Бояд қайд намуд, ки мақоми фоҷиавори гурезаҳоро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвесияи соли 1951 оид ба мақоми гурезаҳо ва Протоколи марбут ба онро соли 1994 тасдиқ намуда, иҷроиши ӯҳдадории Ковенсияи мазкурро ба зимма дорад ва ҷиҳати беҳтарсозии мақоми гурезаҳо тадбирҳои судманд меандешад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эътироф шудани ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ, зарурияти тақвият бахшидани тадбирҳои мушаххас ва чорабиниҳои маҷмӯиро аз ҷониби давлат ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди арҷгузорӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон муҳим аст.

Бояд гуфт, ки айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як теъдод шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар асоси Комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуда, будубоши мувақққатӣ менамоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо