Санаи 29 апрели соли равон бо ташаббуси кормандони Маркази захиравии муҳоҷирон (МЗМ) дар якҷоягӣ бо ҳамоҳангсози Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), Мустафо Мамадназаров дар Хадамоти муҳоҷират барои кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» сесияи иттилоотӣ гузаронида шуд.
Дар доираи сессия иштирокдорон на танҳо бо фаъолияти Барномаи БОМКА шинос шуданд, балки дурнамои рушди сиёсати муҳоҷират ва дастгирии нуқтаҳои назоратии марзиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ҳамоҳангсози барнома оид ба татбиқи лоиҳаи мақсадноки БОМКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамкории самараноки кишварҳои иштирокчӣ маълумот пешниҳод намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират