Шаҳрвандон ба номзади худ овоз додаистодаанд

11 сентябри соли равон сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо мақсади дар сатҳи баланд доир гардидани интихоботи вакилон ба маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ба таври фаъолона ба участкаи интихоботӣ №20, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, ҳозир гардида, ба тарфдории номзади арзандаи худ овоз додаистодаанд.

Аз субҳ дар чеҳраи интихобкунандагон рӯҳияи идона ҳукмфармо буда, мардуми зиёд барои овоздиҳӣ дар навбат ҳастанд. Ин аз фаъол будани шаҳрвандон дарак медиҳад. Дар симои одамон дар саҳни бинои участкаи интихоботӣ эҳсоси шодӣ ва эътимоди комил ҳувайдост.

Дар ин кори басо муҳим масъулиятшиносиву мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар як мутасаддӣ ба роҳ монда шуд, зеро саҳмгузорӣ дар интихобот – ин шараф аст.

Тавре дар суҳбат раиси участкаи интихобот №20 Раҳмонзода Амиралӣ иброз намуд, бинои участкаи интихоботӣ, ки дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, мутобиқи талабот ҷиҳозонида шуда, бо маводу таҳҷизоти зарурии коммуникатсионӣ таъмин гардидаанд.

Дар маҷмӯъ шумораи интихобкунандагон 2100 нафарро ташкил дод.
Раҳмонзода А. итминони комил дорад, ки интихобот ба омили муҳими муттаҳидсозии тоҷикистониён, таҳкими ҳарчи бештари ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар мамлакат мубаддал хоҳад ёфт.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо