Субҳи имрӯз, 20 сентябри соли 2025, кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шанбегии дастаҷамъона фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи ин иқдоми ободонӣ кормандон ба тозагардонии гирду атрофи бинои Хадамоти муҳоҷират ҷалб гардида, саҳми худро дар зебо нигоҳ доштани муҳити шаҳр гузоштанд.
Ташкили чунин шанбегиҳо на танҳо барои беҳбудии муҳити зист, балки барои тарбияи ҳисси масъулият ва дӯст доштани табиати поку муҳити тоза миёни ҷомеа басо муҳим мебошад.
Тозагию ободии Ватан мароми мост!
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират