Санаи 9 августи соли равон, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, баҳри созандагию ободонӣ шанбегии дастаъҷамона бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, нарм кардани бехи дарахтон ва гулу буттаҳо, шаклдарории дарахтон, аз партов тоза кардани ҷӯй ва майдонҳои гирду атроф, рубу чини роҳрав ва саҳни бино корҳое буд, ки ҳайати кормандон дастаҷамъонаю самимона иҷро намуданд.
Ин маънии онро дорад, ки зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳои тозагӣ тибқи нақша чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират ба таврӣ доимӣ идома меёбад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират