Субҳи 4 октябри соли равон кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” шанбегии дастаҷамъона баргузор намуданд.
Дар шанбегии мазкур кормандон назди бинои муассиса ва дигар ҷойҳоро аз партову хасу хошокҳо тоза намуда, гирду атрофро рӯбу чин намуданд.
Шанбегиҳо дар Хадамоти муҳоҷират доимӣ буда, ҳайати кормандон саҳми арзишманди хешро дар тозаю озода намудани муҳити зист ва гулгушукуфоии Пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе мегузоранд. Тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гушаю канори Тоҷикистони соҳибистиқлол рисолат ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар аст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират