Имрӯз санаи 22 – уми ноябри соли 2025 дар Хадамоти муҳоҷират шанбегии дастаҷамъона тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба корҳои ободонии ҳудуди Хадамоти муҳоҷират бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” гузаронида шуд.
Аз ҷониби кормандон саҳни Хадамот тозаву озода карда шуда, гирду атрофи дарахтони замини назди ҳавлигии муассиса нарм карда шуданд.
Бояд тазаккур намуд, ки ин иқдоми созанда ва ободкорӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллатамон ба ҳукми анъана даромадааст, роҳбарият ва кормандони Хадамоти муҳоҷират ҳамасола бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ даҳҳо шанбегӣ баргузор менамоянд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират
