Ҷиҳати тадбиқи сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин вусъати корҳои ободонӣ бахшида ба Рӯзи Президент, 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.
Дар шанбегӣ кормандон гирду атрофи бино ва роҳравҳоро тоза намуда, саҳни бинои Хадамотро рӯбучин намуда, нармнамудани бехи дарахтону гулҳо, барои боз ҳам ободу зебо гардидани саҳни бино саҳми муносиби хешро гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомҳои созанда бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират пайваста роҳандозӣ мешаванд.
Иқдоми мазкур баҳри фароҳам овардани муҳити хуби корӣ барои кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, инчунин, ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани ин муассиса мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
