• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст

Migration Service by Migration Service
19.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан соҳибону бунёдгарони ояндаи Ватан ва идомадиҳандагони кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.

                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо ҷавонон озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият намоем. Имрӯзҳо қисми зиёди ҷавонони шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳарӯзаашон мебошад.

Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки “Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд”.

Ҷавонон муаррифгари давлату миллатанд. Онҳо дар ин айём бояд масъулият ҳис намуда, барои ҳарчи бештар омӯхтани илму техникаи навтарин камари ҳиммат банданд ва бо кашфиётҳои бузурги илмию техникии худ муаррифгари ватану миллат бошанд.

Шукргузори онам, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллӣ зарур аст. Танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона метавонем, Истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамон – Тоҷикистонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукуҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат-ҷавонон.

Имрӯз ҷавонони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор меравад, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд. Дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷавонони кишвар дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.

Мо ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаем.

Чуноне, ки фармудаанд:

Шукронаи хоки Тоҷикистон дорем,

Ҳимат ба раҳи саодати он дорем.

Дар ҷодаи бунёди диёри падарӣ-

Мо такя ба нерӯи ҷавонон дорем!

Бинобар ин, ҳар як ҷавони ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи баъзе аз пешвоёни ба ном дин бетарафӣ зоҳир накарда, бояд дар таҳкими давлати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Мо ҷавонон зери боли Тоҷикистони соҳибистиқлол камол ёфтем. Ин рафтори ноҷавонмардонаи гуруҳҳои силоҳбадаст ҳеҷ гоҳ наметавонанд мо ҷавононро ба роҳи бад равона намоянд, зеро мо ҷавонон Ватани азизи худ, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дӯст дошта, азм дорем, ки баҳри боз ҳам обод гаштани диёри хеш саҳмгузор бошем. Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст.

Модоме, ки мо мехоҳем дар оянда номи тоҷику Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни миллати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, пас ҳар қадар, ки метавонем аз ҳар гуна хатоҳо эҳтиёд кунем, ҳатто аз хурдтарин амал ё коре, ки сабаби костагии обрӯю эътибори мо дар назди ҷаҳониён мегардад, даст кашему бо одобу ахлоқи ҳамида, бо илму маърифат ва ақлу хиради инсонӣ зиндагӣ кунем. 

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон қайд карда буданд, кӣ “Сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, мо то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоем ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунем”.

Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.Ба ғамхориҳое, ки Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо ҷавонон зоҳир менамоянд, мо бояд бо меҳнат ва донишу заковати баланд ҷавоб гардонем.

Мо ҷавонони даврони истиқлол ҷавобан ба ғамхориҳои доимии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии хешро барои дастгирии ҳамаҷонибаашон нисбати мо ҷавонон изҳори сипос намуда, ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатиро вазифаи асосии худ шуморида, нерӯи созандаи худро ба кишвари ободу пешрафта Тоҷикистони биҳиштосо равона месозем.

Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Пешвои миллат дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.Мо ҷавонон дар қатори дигар ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намудем ва пайравони асили Пешвои миллатем.     

Ба тамоми ҷавонони бонангу номуси Ватан умри дароз, файзу баракат, бахту иқбол, азму иродаи қавӣ ва сарбаландӣ орзу намуда, онҳоро ба донишомӯзӣ, соҳиби илму маърифат шудан даъват менамоям. Бигузор номбардори Ватани азизамон бошанд.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Орифҷон Олимзода,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди деҳаҳои ноҳияи Варзоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.