Бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарбар гардиданд.
Чунин як вохӯрии судманд дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мулоқоти гурӯҳи кории таблиғотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, эмомхатибону фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Аъзои ҳайати гурӯҳи кории вазорат дар мавзуҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суханронӣ карда, аз дастоварду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар соли 2025 ёдовар шуданд ва ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Душанбе, қабул гардидани якчанд қатномаҳои муҳими байналмилалӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ ва эълон шудани соли 2027-ро ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар соли 2025 шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба густариш ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташкилотҳои террористию экстремистӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риоя намудани қонунҳои амалкунандаи давлати иқомат ва даст назадан ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ таъкид намуд.
Ҳамзамон, иштирокчиён аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки аз тоҷик будани худ ифтихор менамоянд, зеро ниёгони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни инсоният саҳми бузург гузоштаанд.
Зикр гардид, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, таъмини амният, оромӣ, суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гурӯҳи корӣ барои баргузор намудани чунин як мулоқоти судманд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ноҳия баргузор гардид, изҳори сипос намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

