Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни суханронӣ сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Хайридинзода Исфандиёр оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ироаи паёми имсола барои Тоҷикистон бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла баргузории интихобот дар фазои озоду шаффоф ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон фарқ мекунад. Ин дастовардҳо далели сиёсати сулҳомез, ҳамсоягии нек ва устувории давлатдории миллӣ мебошанд. Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва ҳамкорӣ шинохта шуда, заминаи мустаҳками рушди минбаъдаи худро фароҳам овардааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки Паём бозгӯи болоравии мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аст. Ташаббусҳои кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, криосфера, зеҳни сунъӣ ва маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин иқдомҳо Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор, масъул ва дорои дидгоҳи глобалӣ муаррифӣ намуда, нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ тақвият мебахшанд. Дар маркази Паём масъалаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ қарор дорад. Таъкид гардид, ки дар даҳ соли охир иқтисоди миллӣ бо суръати устувор рушд карда, сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, даромади аҳолӣ ва нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ беҳтар шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин, масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки аз гузаронидани маблағ аз кортҳои бонкии худ ба дархости шахсони бегона худдорӣ намоянд, зеро чунин амал метавонад ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат кунад ва барои онҳо ҷавобгарии қонунӣ ба миён оварад.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

