Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Насридинзода Рамазон вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинони ноҳия баргузор гардид.
Зимни суханронӣ маърӯзачиён оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ироаи Паёми имсола барои Тоҷикистон бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла баргузории интихобот дар фазои озоду шаффоф ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон фарқ мекунад. Ин дастовардҳо далели сиёсати сулҳомез, ҳамсоягии нек ва устувории давлатдории миллӣ мебошанд.
Дар идома маърӯзачиён вобаста ба густариши корҳои ободонӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, таблиғу ташвиқи фарҳанги миллӣ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия зарурати риояи қонунҳои кишвари иқомат, аз ҷумла кишвари Россия ва сари вақт расмӣ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, диққати махсус ба масъалаи пешгирии ҷалбшавӣ ба гурӯҳҳои деструктивӣ равона шуд, ки фаъолияти худро бо шиорҳои динӣ пинҳон карда, ҷавононро ба амалҳои террористӣ даъват менамоянд.
Қайд гардид, ки сабаби асосии муҳоҷират беҳтар кардани вазъи моддӣ мебошад ва маҳз аз ҳамин сабаб шаҳрвандон бояд диққати худро ба фаъолияти меҳнатӣ ва риояи қонунҳо равона созанд. Илова бар ин, ба иштирокчиён зарурати пешгирии бемориҳо ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ хотиррасон карда шуд, зеро бемориҳои вирусӣ на танҳо ба худи муҳоҷирон, балки ба дигарон низ зарар расонида, ба саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

