Дар деҳаи Сайрони Ҷамоати деҳоти Пилдон якҷо бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш вохӯри судманд бо сокинон, фаъолон ва оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суханронӣ маърӯзачиён оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ироаи паёми имсола барои Тоҷикистон бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла баргузории интихобот дар фазои озоду шаффоф ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон фарқ мекунад. Ин дастовардҳо далели сиёсати сулҳомез, ҳамсоягии нек ва устувории давлатдории миллӣ мебошанд.
Дар идома маърӯзачиён вобаста ба густариши корҳои ободони, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, таблиғу ташвиқи фарҳанги миллӣ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Нозимҷон Икромов ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки таъмин намудани будубоши қонунии ноболиғон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия вазифаи мустақими волидони онҳо (намояндагони қонунии онҳо) мебошад.
Маҳз волидон барои сари вақт ба тартиб даровардани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки будубоши қонунии фарзандонашонро дар Россия таъмин мекунанд, инчунин барои риояи мӯҳлатҳои будубош ва саривақтона баромаданашон аз Россия масъул мебошанд.
Бо дарназардошти ин, аз 28 январи соли 2026 Қонуни федералии аз 31.07.2025 ҷиҳати тартиби нави мубодилаи иттилоот дар бораи кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ байни ВКД Россия ва мақомоти маорифи Россия амал мекунад.
Ин барои Шумо ва фарзандонатон чӣ маъно дорад: вақте ки Шумо кӯдакро ба қайди муҳоҷират мегузоред (ё аз қайд мебароред), ВКД ин маълумотро ба таври худкор ба идораи маорифи маҳаллӣ мефиристад. Ин ба муайян кардани эҳтиёҷоти фарзанди Шумо ба ҷой дар мактаб ё кӯдакистон кӯмак мерасонад.
Агар Шумо барои дохил кардани фарзанд ба мактаб ё коллеҷ муроҷиат кунед, муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст дар ин бора ба ВКД хабар диҳад. Дигар маълумоте, ки ҳамроҳ фиристода мешаванд: натиҷаҳои санҷиши дониши забони русӣ, далели дохилшавӣ ба мактаб/коллеҷ, далели хориҷшавӣ (агар кӯдак таҳсилро қатъ карда бошад).
Ҳадафи асосии Қонуни федералии — пешгирӣ кардани он аст, ки кӯдакони муҳоҷирон бе таҳсил намонанд. Акнун ҷониби Россия мебинад, ки кадом кӯдакон ба мактаб намераванд, ва бо чунин оилаҳо корҳои инфиродӣ гузаронида мешавад (кӯмак дар дохилшавӣ, ҷустуҷӯи ҷой ва ғайра). Ҳамаи ин ба таври худкор тавассути системаҳои электронӣ сурат мегирад — ба Шумо лозим нест бо коғазҳои иловагӣ давутоз кунед.
Ҳатман фарзандонро ҳамзамон бо худ ба қайди муҳоҷират дар суроғаи воқеии зист гузоред. Ҳарчи зудтар ба мактаби наздиктарин барои дохил кардани кӯдак муроҷиат кунед (ҳатто агар қайд ҳанӯз муваққатӣ бошад).
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои додашудаи иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

