Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мурғоб бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии саривақтӣ бо сокинони деҳаи Мурғоб баргузор гардид.
Зимни суханронӣ маърӯзачиён оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ироаи паёми имсола барои Тоҷикистон бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла баргузории интихобот дар фазои озоду шаффоф ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон фарқ мекунад. Ин дастовардҳо далели сиёсати сулҳомез, ҳамсоягии нек ва устувории давлатдории миллӣ мебошанд.
Дар идома маърӯзачиён вобаста ба густариши корҳои ободони, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, таблиғу ташвиқи фарҳанги миллӣ, сарфаю сариштакорӣ, одоби шаҳрнишини, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан ибрози андеша намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мурғоб масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

