• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ноҳияи Файзобод

Migration Service by Migration Service
16.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ноҳияи Файзобод
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар МТМУ №1 ва 35 ноҳия вохӯрии судманд бо сокинони ноҳия ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат баргузор намуд.

Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба таблиғу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар андешаҳо баён карда шуда, зикр гардид, ки маҳз тавассути ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат ҳадафгузории мушаххас ҷиҳати таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ба роҳ монда шуда, механизмҳои муассири татбиқи амалии ҳадафҳои мазкур пешниҳод карда мешаванд ва баҳри ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар самти ҳифзи манофеи миллию татбиқи ҳадафҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.

Дар идома оид ба аҳамияти Паёми Президенти кишвар ҳамчун дастури муҳими роҳнамо суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки Паём ҳамчун санади муҳими консептуалӣ бо дарназардошти таҳлилҳои амиқу гуногунҷанбаи вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳони муосир самтҳои авзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро муайян намуда, тамоми сохторҳои давлатиро ба таври мушаххас масъул ва вазифадор месозад.

Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Басонат Азизова ёдрас шуданд, ки риояи қатъии қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ҳатмист. Дар моҳҳои охир шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандони мо, ки ба Феҳристи шахсони назоратшавандаи ВКД-и Россия ворид гардидаанд, ба таври назаррас зиёд шудааст. Сабаби асосии ин ҳолатҳо вайрон кардани қоидаҳои будубош мебошад, аз ҷумла: гузаштани муҳлати бақайдгирӣ, напардохтани маблағи патент, набудани (набастани) шартномаи меҳнатӣ, сари вақт пешниҳод накардани огоҳиномаи шартномаи меҳнатӣ ба мақомоти дахлдор.

Ворид гардидани шахс ба Феҳристи шахсони назоратшаванда (амал мекунад аз моҳи феврали соли 2025) боиси пайомадҳои ҷиддӣ дар доираи низоми ихроҷ мегардад, аз ҷумла: маҳдудият дар кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва анҷом додани амалиётҳо (ба истиснои интиқолҳои маҳдуд ва гирифтани нақд то 30 ҳазор рубл дар як моҳ); манъи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, бастани ақди никоҳ ва идора намудани автомобил; ғайриимкон будани қабул гардидани фарзандони ноболиғ ба муассисаҳои таълимӣ; уҳдадории ҳозир шудан ба мақомоти ВКД-и Россия; дар ҳолати ихтиёран тарк накардани ҳудуди Федератсияи Россия депортатсия бо ҷойгиркунӣ ба муассисаи махсус ва манъи вуруд ба Федератсияи Россия барои муҳлати тӯлонӣ.

Бо мақсади пешгирӣ аз чунин мушкилот, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳушёр бошед ва қонунҳои кишвари иқоматро қатъиян риоя намоед: риоияи шартҳои патент ва қонунгузории кишвари иқомат,
пас аз бастани шартномаи меҳнатӣ корфармо уҳдадор аст, ки дар муҳлати 3 рӯз мақомоти ВКД-ро огоҳ намояд, шумо шахсан уҳдадоред, ки дар давоми 2 моҳ аз рӯзи додани патент нусхаи шартнома ва огоҳинома дар бораи фаъолияти меҳнатиро ба ВКД-и Россия пешниҳод намоед, ҳар моҳ маблағи пардохти пешакии патентро сари вақт пардохт намоед (ҳатто таъхири як рӯз боиси бекор шудани патент мегардад). Тамдиди муҳлати будубош барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент фаъолият мекунанд, ба таври худкор ҳангоми пардохти саривақтии патент ва мавҷуд будани шартномаи меҳнатӣ сурат мегирад (маълумот дар пойгоҳи ВКД-и Россия сабт мешавад).

Аммо дар ҳолатҳои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои Иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП), Иҷозати иқомати муваққатӣ барои таҳсил (РВПО) ва Иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ), зарур аст, ки ба мақомоти ВКД муроҷиат намуда, тамға (штамп) оид ба тамдиди муҳлати будубош (тибқи Фармони ВКД-и Россия аз 22.11.2021) дар пушти корти муҳоҷиратӣ гузошта шавад. Бе ин тамға тамдид ҳангоми санҷишҳо метавонад расман тасдиқ нашуда бошад. Инчунин: вақте ки шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил дохил мешавад; вақте ки шаҳрванди хориҷӣ барои тамдиди будубош ба таври инфиродӣ муроҷиат мекунад — дар асоси имконнопазирии рафтан бо сабаби табобат е сабабҳои дигар (шахсӣ); риояи ин талабот ба Шумо имкон медиҳад, ки қонунӣ кор ва иқомат намоед ва худро аз хавфҳо ҳифз кунед.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд ба мақомоти минтақавии ВКД-и Федератсияи Россия ё ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Марказҳи матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Шарҳу тавзеҳи Паём миёни сокинони ноҳияи Лахш

Next Post

Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Шаҳринав ноҳияи Шаҳринав

Next Post
Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Шаҳринав ноҳияи Шаҳринав

Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Шаҳринав ноҳияи Шаҳринав

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.