• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Шукри истиқлоли Ватан мекунем

Migration Service by Migration Service
01.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Шукри истиқлоли Ватан мекунем
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди мардуми шарафманд ва куҳанбунёди Тоҷикистон, ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолу озодӣ ҳамчун маҳсули ақлу хиради миллат барои пойдории давлат аҳамияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунад, зеро ин рӯйдоди воқеан ҳам сарнавиштсозу бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати ин рукни асосии давлатдорӣ мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар тўли беш аз 33 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пояи устувор ниҳода дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари соҳиб тамаддуну фарҳангсолор ба расмият пазируфта шуд. Замони соҳибистиқлоли барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Бо ифтихор аз давлату кишвари соҳибистиқлоламон бо боварии зиёд метавон изҳор дошт, ки бо шарафёб гардидан ба ин рукни асосии давлатдорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаётан муҳим ва эҳёи рукнҳои асосии давлатдорӣ ба дастовардҳои раднопазир мушарраф гаштааст. Сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию субот дар ҷомеа ва таъмини амнияти сартосарии кишвар аз беназиртарин ва арзишмандтарин дастовардҳое мебошанд, ки мардуми бузургу сарбаланди тоҷик бо шарофати заҳмату талошҳои шабонарӯзии роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. Маврид ба зикри хос аст, ки бо азму талоши Пешвои миллат заминаҳои мусоид барои амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат фароҳам оварда шуданд. Албатта воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ Пешвои муаззами миллат ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки танзими пайвастаи онҳо ва хусусияти меъёри бахшидан ба чунин рукнҳои асосии давлатдорӣ ба истиқлолияти давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 33 сол қабл аз ин нахустин заминаҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Ваҳдати миллию Конститутсия гардидем. Бояд тазаккур дод, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ Парчами давлатӣ ифода мегардад. Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.

Мардуми фарҳангсолорӣ тоҷик аз он ифтихор дорад, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони тоҷик ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст. Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки танҳо забони ягонаи миллӣ барои амалӣ гардидани муошират дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷомеа шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам меоварад. Бинобар ин, барои ҳамаи соҳибзабонон зарур аст, ки забони адабӣ ва меъёрҳои онро донанд ва дар ҳама ҷо ба кор баранд.

Ҳамин тавр, дар тўли беш аз 33 соли соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардида, марҳила ба марҳила дар татбиқи ин ҳадафҳо қадамҳои устувор мениҳад.

Аз ин рӯ Шукри Истиқлоли Ватан намуда, аз вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона созем, Ватанамонро обод ва давлатамонро нерӯманду пешрафта гардонем.

Шоиброҳимзода Ҳабиба,

Сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Суҳбату вохӯриҳои судманд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

Next Post

Тарбияи ватандӯстӣ – асоси устувории давлат

Next Post
Тарбияи ватандӯстӣ – асоси устувории давлат

Тарбияи ватандӯстӣ – асоси устувории давлат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.