Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ силсила вохуриву мулоқотҳои судмандро бо сокинони ҷамоатҳои деҳотӣ ноҳияи Дарвоз, аз ҷумла муҳоҷирони баргашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуд.
Зимни вохӯриҳо сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ Мулкамон Каниев, ба ҳозирин оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират фаҳмонида, бахусус қайд кард, ки мутаассифона имрӯзҳо теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҳудуди кишвари Россия бо сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош дар ин давлат берун карда мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандони мо бе омодагии пешакӣ ба муҳоҷират сафар менамоянд ва бо сабаби сари вақт будубоши худро қонунӣ нагардонидан ба мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд. Аз ин ҳолатҳо ашхоси миёнарав истифода бурда, муҳоҷирони меҳнатиро бо музди ночиз ба кори ғайриқонунӣ даъват менамояд.
Ҳамзамон ҷавонони дар ҳолати душворӣ қарордоштаро гурӯҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ бо ваъдаи маблағи калон ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба фаъолияти ғайриқонунӣ равона менамоянд.
Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар ба муҳоҷирати меҳнатиро доранд, омодагии хуб бинанд ва ба сафарбаршавии муташаккилона ҷалб карда шаванд.
Инчунин, ба иштирокчиён маълумот пешкаш карда шуд, ки дар дохили ҷумҳурӣ низ корхонаҳои саноатӣ зиёд ба истифода дода шуда истодаанд ва дар онҳо қувваи корӣ лозим мебошад. Аз ҷумла, дар сохтмонҳои бузурги НБО “Роғун” ва Себзор, қитьаи роҳи байналмилалии Дарвоз – Рушон ва дигар сохтмонҳо, ки барои кормандон тамоми шароитҳо муҳайё аст, музди меҳнати шоиста пардохт карда мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, чунин вохуриву мулоқотҳо дар ҷамоатҳои деҳотӣ Қалаи хумб, Нулванд, Вишхарв ва Сағирдашт баргузор гардиданд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ