Бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоати деҳоти Зафар дар МТМУ№55-и ноҳияи Фархор гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ба он намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот бо сокинон, фаъолон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, дар бораи дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, худкушиву худсӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Дар идома баромадкунандагон оид ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, дастоварди беназир ва таърихии миллатро ба хидматҳои ҷовидона ва фарзандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доданд.
Инчунин таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти миллӣ хавфи ҷиддӣ ба миён меорад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, чораҳои дахлдор андешанд. Ин ҷараёни хатарҳо метавонад ба несту нобуд кардани миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.
Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир бимонем ва ҳамеша дӯстдори Ватани маҳбубамон бошем.
Дар рафти мулоқот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор баромад намуда, ба самъи сокинон расонид, ки донистану риоя кардани қонуну қоидаҳои кишварҳои ба кор қабулкунанда вазифаи ҳар як шаҳрванд ва хоса муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, надонистан ва ё саркашӣ кардан аз он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда мерасонад.
Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растанӣ таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парваришу нигоҳдории ин растаниҳо тибқи моддаи 231-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Яке аз чунин растаниҳо ин “Ҳазориспанд” ё “Гармала” мебошад, ки алкалоидҳо ба монанди гармалину гармин ва хусусияти психоактивӣ дорад. Ин растанӣ барои ворид, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Россия қатъиян манъ шудааст.
Бинобар ин, аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия аз бурдани ҳазориспанд худдорӣ намоянд ва ба хотири чанд миқдор маблағ ҳаёти худу оилаи худро зери хатар нагузоранд. Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон