• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Соли маърифати ҳуқуқӣ. Бахшида ба он дар ноҳияи Фархор бо сокинон вохӯрӣ доир шуд

Migration Service by Migration Service
30.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Соли маърифати ҳуқуқӣ. Бахшида ба он дар ноҳияи Фархор бо сокинон вохӯрӣ доир шуд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷавҳари аслии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои волои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, баробарӣ, шоистасолорӣ, дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати комили халқ ташкил медиҳад.

Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар мавзуи «Конститутсия — омили истеҳкомбахши маърифати ҳуқуқӣ» дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.

Дар ҳамоиш дар иртибот ба ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ гузаронида шуда, дар он кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират, фаъолон, сокинони ноҳия ва кормандони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки баргузории ҳамоиш амри зарурӣ буда, баҳри баланд бардоштани маърифти сиёсиву ҳуқуқии сокинон нақши муҳим хоҳад гузошт.

Иштирокдорони ҳамоиш дар бораи дастовардҳое, ки Тоҷикистон бо шарофати қабули Конститутсия ба он ноил гардидааст, ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки Конститутсия сарчашма ва кафили бақои ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субботи сиёсӣ маҳсуб ёфта, дар он иродаи ягонаи сиёсии мардум таҷассум гардидааст.

Мардуми Тоҷикистон бо ихтиёр ва истифода аз ҳаққи интихоби худ Конститутсияро қабул намуда, роҳи минбаъдаи давлатро мушаххас карданд.

Ин санади тақдирсоз ҳамчун таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқии бинои давлатдорӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсиргузор аст.

Ҳамзамон дар ҳамоиш доир ба волоият ва арзиши баланди қонун, эҳтиром ба он ва бо ин роҳ тақвияти маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа, инчунин оид ба масъалаҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, истифодаи нодуруст аз воситаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, пешгирии хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, танзими анъана, ҷашну маросим ибрози назар карда шуд.

Таъкид шуд, ки сабаби аслии мавҷудияти чунин мушкилиҳо дар ҷомеа, ин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Бинобар ин, зарур аст, ки бо таблиғу ташвиқ ва омӯзишу тадрис сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат

Next Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Next Post
Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.