9 – уми январ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Шурои Хадамот оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баргузор гардид.
Дар маҷлиси Шурои Хадамот муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовинони сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд.
Нахуст, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо иштирокунандагонро муаррифӣ намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид.
Дар ҷаласа доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 муовини якуми Сардори Хадамот Шарифзода Маҳмадсалим Пир баромад намуда қайд намуданд, ки ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат, лоиҳаи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №309 тасдиқ гардид.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи супориши Роҳбарияти вазорат, Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба амалисозии марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025-и Стратегияи болозикр омода гардида аз 24 июли соли 2023, №39 тасдиқ гардид.
Иҷрои бандҳои Стратегияи мазкур таҳти назорат қарор дорад. Стратегияи мазкур санади ягонаи меъёрӣ ҳуқуқӣ мебошад, зеро бори аввал дар амалия дар доираи як Стратегияи муҳоҷират ҳамаи намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ, ки қонунӣ дар қаламрави як кишвар ба амал бароварда мешаванд, баррасӣ мегардад.
Дар ин замина кормандони Хадамоти муҳоҷират дар барномаи «Замзамаҳои ободӣ»-и Телевизиони Сафина, ки 18 июл дар толори вазорат ва санаи 25 июли соли равон дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» оид ба моҳият, ҳадаф ва вазифаҳои Стратегияи мазкур андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати амалӣ намудани банди 13-и Нақша-чорабиниҳои Стратегия, 22 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак бобати масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардид. Дар он лоиҳаи Низомномаи Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Раиси Шӯро, муовини Раиси Шӯро ва котиб интихоб гардиданд.
Дар ҷаласа намояндагони тамоми сохторҳои вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилоти байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, СБМ, ICMPD, GIZ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа доир ба таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Шурои ҷамъиятӣ дар назди Хадамоти муҳоҷират бо ҷалби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, интишор намудани натиҷаи мониторинг ва арзёбии Стратегия изҳори андеша намуданд.
Стратегия маҷмуи мақсад, самт ва масъалаҳои афзалиятноки танзими равандҳои муҳоҷиратро дар бар гирифта, шаклу усулҳои амалисозии онҳоро дар асоси таҳлили омилҳои устувор пешбинӣ менамояд. Бо назардошти омилҳои дохилӣ ва берунӣ он ба муайян намудани мушкилоти мубрами бақайдгирии вазъи муҳоҷират, роҳҳои рушди онҳо ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона гардида, таҳия ва амалисозии чорабиниҳои зарурӣ оид ба самтҳои мубрами стратегӣ барои дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлатро пешбинӣ менамояд, – афзуд Шарифзода М.
Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин шуъбаву бахшҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Марказаҳои машваратӣ оид ба фаъолияти солона ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар бораи ҳарчи зудтар ба системаи электронӣ гузаштан, мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати аҳолӣ, дохилӣ ва экологӣ, беҳтар намудани фаъолияти Марказҳои машваратӣ оид ба ҷоннок намудани кор дар самти интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, пурзӯр намудани корҳои иттилоотӣ –маърифатӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла воридшавии онҳо ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, иброзӣ ақида намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират