Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар доираи сафарҳои расмӣ, суханрониҳо, вохӯриҳо иброз менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба таҳкими муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бахусус дар доираи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳаммияти хосса медиҳад.
Танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт. Терроризм аз рӯи хусусияташ гуногун буда, дар давраи ҳозира дорои шаклу намудҳои гуногун мебошад. Таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо, куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида, рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан, таҳдиди куштан ва нобуд кардан, нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, ташвиқоти терроризм, созмон додани ташкилотҳои террористӣ, кӯмак кардан ба ташкилотҳои террористӣ ва ғайра аз зумраи шаклу намудҳои ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамояд, ки “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани хисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аст.
Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан, гурӯҳҳои дигари этникӣ эътирозро ба вуҷуд оварда, мумкин то ба ифротгароӣ сабзида расад. Ба ин хотир, кӯшиш кардан баҳри таъмини амнияти миллӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст.
Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми имконот ва вазъияти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам бурда, аз ҷомеаи шаҳрвандии мо онро тақозо менамояд, ки муборизаро бо ҳамаи имконот – чи бо қувва ва чи бо ақлу иродаи қавӣ бар ин зуҳуроти даҳшатафкан пурзӯр намоем. Танҳо дар ҳолати дастаҷамъӣ, якдигарфаҳмӣ, Ваҳдату ягонагии миллӣ мо метавонем, амнияту осоиштагии хонадонамонро аз вуруди ғояҳои бегона ва ифротӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва дар амон нигоҳ дорем.
Шерализода Носиралӣ,
Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
