• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Суҳбату вохӯриҳо бо корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта дар назди «Бозори мардикор»-и шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
09.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Суҳбату вохӯриҳо бо корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта дар назди «Бозори мардикор»-и шаҳри Кӯлоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб суҳбату вохӯриҳо бо корҷӯён ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар назди “Бозори мардикор”-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ба ҳозирин, вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, донистани ҳуқуқ ва риояи қонунҳои амалкунандаи давлатҳои қабулкунанда, аз ҷумла кишвари Россия, эмин будан аз хатарҳои гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва имкониятҳои мавҷудаи бакортаъминкунии муташаккилона дар хориҷ ва дохили кишвар баромад намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Шуъба Абуллоев Зафар иброз намуд, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар бояд дар бораи давлати қабулкунанда, талаботи қонунгузории он дар самти муҳоҷират, донистани забон ва чи гуна худро эмин нигоҳ доштан аз хатарҳои гурӯҳҳои тундгаро ва экстремистию террористӣ маълумоти зарурӣ дошта бошад.

Қайд гардид, ки бо худ гирифтани ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва ташхиси тиббиро оиди надоштани бемориҳои сироятӣ зарурият дошта, соҳибкасб будан ва доштани ҳуҷҷати касбӣ дар бакортаъминшавии шумо кӯмак мерасонад. Барои гирифтани маълумот оиди кушода ё баста будани вуруди худ ба шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати ҷойи зист ва гирифтани машварати ройгон метавонед ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар муҳлати муайяншуда бояд худро дар ҷойи зисти муваққатӣ ба қайд гирифта, дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ патент гирифтан ҳатмӣ буда, кӯшиш намоед, ки бо корфармо ё ширкатҳои кордиҳанда шартномаи меҳнатӣ баста баъдан фаъолияти кориро идома диҳед.   

Донистани забон ва доштани ҳуҷҷати касбӣ, имконияти хуби расман ба кортаъминшави дошта, вобаста ба ин барои соҳибкасб шудан ва гирифтани ҳуҷҷати касбӣ метавонед ба Филиалҳои марказҳои  таълим сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намоед. Инчунин, ба ҷамъомадагон оид ба риояи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги он маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Вобаста ба масъалаи дар хориҷ ва дохили кишвар ба кор таъминшавии шаҳрвандони корҷӯй ва муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ дода шуд, ки ширкатҳои ватанӣ кормандони баландихтисос ва соҳибмалакаро бо маоши баланд ва шароити хуби корӣ ба кор таъмин мекунанд ва онҳо метавонанд ҷиҳати ҳалли ин масъала ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд.

Дар навбати худ намояндаи Шуъба Тағоев Б., ба ҳозирин оид ба масъалаҳои хатарҳои экстремистию террористии ҷаҳони муосир, дар канор гирифтани худ аз шомилшавӣ ба ин гурӯҳӯ созмонҳо, огоҳ будан аз амалҳои одамрабоӣ ва савдои одамон, ҷавоб надодан ба паёмакҳои телефонии шахсони ношинос ва даъватҳои ғаразноки шабакаҳои интернетӣ маълумоти муфассал дод.Дар самти дарёфти ҷойи кор дар ташкилоту корхонаҳои шаҳр ва ширкатҳои азими ватанӣ сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Р., ба ҳозирин маълумот дода, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар корхонаю ташкилотҳои шаҳр ва ширкатҳои ватанӣ ҷойҳои холии корӣ зиёд мавҷуданд ва онҳо метавонанд ба Шуъба муроҷиат намуда мушкилоти худро ҳаллу фасл намоянд.  

Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён варақаҳои роҳнамои ва иттилоотӣ дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Кӯлоб

Next Post

Вохӯриҳои муштарак дар деҳаҳои ноҳияи Варзоб

Next Post
Вохӯриҳои муштарак дар деҳаҳои ноҳияи Варзоб

Вохӯриҳои муштарак дар деҳаҳои ноҳияи Варзоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.