• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Суҳбату вохӯриҳо дар ноҳияи Файзобод

Migration Service by Migration Service
31.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Суҳбату вохӯриҳо дар ноҳияи Файзобод
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки  муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоати  деҳоти Меҳробод дар муассисаҳои таълимии № 61, 19 суҳбату вохӯрӣ бо волидони хонандагон, омӯзгорон ва  фаъолони ҷамоат доир гардид.

Дар вохӯрӣ вобаста ба шарҳу тавзеи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор шуд, ироа гардид.  

Ҷамъомадро Рашидзода М., – муовини раиси ноҳия, роҳбари гурӯҳи корӣ ифтитоҳ намуда, иброз нмуданд, ки Паёми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рушди  соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳими ояндасози мамлакат  арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки “бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъмин менамояд”.

Инчунин, оид ба нақшаҳои МИҲД дар самти рушди  соҳаи маориф бахусус дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку  деҳоти ноҳия  баён доштанд.  ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, дар  бораи  рушди соҳаи иҷтимоӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.  

Пиров Абдукарим – мушовири кабинети методии шуъбаи маориф  оид ба рушди соҳаи маорифи ноҳия, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва иҷрои санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии  рушди соҳаи маориф суханронӣ  намуд. 

Ҷомаҳмадзода Б., –  сармутахассисибахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳиязимни суханронӣ қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки  маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дасгирӣ менамоем.

Азизова Б., – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия диққати ҳозиринро доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.

Аз ҷумла, қайд кард, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.

Давлатзода Р., – мудири бахши кор бо занон ва оила зимни суханронӣ, оид  ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии оила, модару кӯдак ва мавқеи зан дар ҷомеа суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки 49,9 фоизи аҳолии ноҳияро занҳо ташкил намуда, ғамхории ҳамҷониба ба ҳифзи иҷтимоии оила, дастгирии иштироки занҳо дар пешбурди зиндагӣ, кору фаъолият, рушди соҳибкорию ҳунармандӣ ва дигар самтҳо фаъолият назаррас мебошад. Баробари ин камбудиҳо дар самти ҷудошавии оилаҳо, мушоҳидаи омилҳои  ҳурофотпарастӣ, тақлиди пӯшидани либосҳои ба зани тоҷик бегона, тарбия ва ба воя расонидани фарзанд ва бисёри дигар омилҳои номатлуб мушоҳида мегарданд.Чунин суҳбату вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мунтазам баргузор хоҳад гардид.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Next Post

Ба шаҳрвандон дастурҳои муфид медиҳанд

Next Post
Ба шаҳрвандон дастурҳои муфид медиҳанд

Ба шаҳрвандон дастурҳои муфид медиҳанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.