Субҳи 18 октябри соли равон кормандони масъули Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар чанд маҳаллаи шаҳри Душанбе бо сокинон вохӯрии судманд барпо намуданд.
Бояд гуфт, ки ин вохӯрӣ бо иқдоми роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳои пойтахт директори МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе Акбаров Хуҷаназар муфассал дар бораи тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, гирифтани Сертификат, Патент, полиси тиббӣ, суғуртавӣ, бастани шартнома бо корфармо, ҳолати будубош дар кишвари хориҷа, бахусус дар бораи он нафароне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, суханронӣ намуд. Ӯ афзуд, ки сокинони пойтахт пеш аз сафар ҳатман ба раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва Марказ муроҷиат намоянд.
Сипас, аз тарафи сокинони пойтахт ба роҳбарияти Марказ саволҳо дар бораи депортация (беруншудагон), чӣ бояд кард, ки роҳи баста кушода шавад, пайдо намудани ҷойи кори доимӣ дар дохили мамлакат ва ғайра пурсон шуданд. Масалан, Асомуддин Ҳаитов, сокини шаҳри Душанбе савол кард, ки айни замон вурудоташ ба кишвари Россия мамнуъ аст, ӯ метавонад соҳиби ҷойи кори доимӣ гардад? Ба кӣ муроҷиат намояд? Чунин як савол аз тарафи иқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур Султон Зоиров низ дода шуд. Зодаи ҳамин ноҳия Қурбоналӣ Тешаев дар бораи кадом ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод кард, ки дуюмбора вориди Федератсияи Россия гардад. Ӯ қайд намуд, ки зимни бозгашт ӯро кормандони фурудгоҳи Домодедови шаҳри Москва ба маҳзани мамнуъшудагон ворид намуданд. Дар он ҳоле, ки ӯ соҳиби ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима буд. Ҳато пеш аз ба хона баргаштан, ӯ маблағи Патенташро пардохт карда буд.
Зимни баромад масъулин ба саволҳои шаҳрвандон, сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур, И.Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии пойтахт Аскар Абдуллоев, Алишер Абдураҳимов, Сафарзода Муҳиб ва Ҳабибулло Мадаминов ҷавобҳои мушаххас дода, арз намуданд, ки агар сафари кишвари Россияро дошта бошанд, ҳатман омода шуда баъд ба сафар бароянд. Аз ҷумла, донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории давлати қабулкунанда ва доштани касбу ҳунар зарур мебошад.
Директори Марказ дар назди ҷамъомадагон дар хусуси омодагии пеш аз сафар суханронӣ намуда, қайд кард, ки айни замон Муассисаи давлатӣ омодааст, як гурӯҳ шаҳрвандони мамлакатро, ки соҳибкасбанд бо ҷойи кор дар Федератсияи Россия таъмин намоянд. Шахсоне, ки ба ин Марказ муроҷиат мекунанд, ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, ба ҳозирин рӯ оварда таъкид карда шуд, ки ҳангоми дар фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷа, аз иштирок ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро канора гиранд, бо шахсони тасодуфӣ дӯстӣ накунанд. Пеш аз коре даст задан, фикри падару модар ва хоҳару бародари худро кунанд. Ба ин хотир, ба ҳар як иштирокчиёни вохӯрӣ буклетҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар бораи тарзи дурусти гирифтани Патент, будубош ва вакансияи ҷойҳои холии корӣ дар НБО «Роғун» супорида шуд.
Инчунин, зимни вохӯрӣ ба шахсоне, ки соҳибкасб нестанд, тавсия дода шуд, ки ба шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҷойи зисташон муроҷиат намуда, соҳиби роҳхатнома гардида ба Маркази калонсолон равона карда мешаванд. Бояд гуфт, ки омӯзиш ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори Марказ Акбаров Хуҷаназар ба сокинони Душанбе рӯ оварда қайд намуд, ки имрӯзҳо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ оид ба танзим даровардани раванди муҳоҷират ва сафарбаркунии муҳоҷирон дар масири дуруст тадбирҳои судманд меандешанд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони пойтахт мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират