Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки бевоситаи муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дустмурод Алиев дар муассисаҳои таълимии № 42, 5 ва 6 бо падару модарон, омӯзгорону хонандагон, фаъолони ҷамоат ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, сӯҳбати самимӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор шуд, ироа гардид.
Ҷамъомадро Рашидзода Махфират– муовини раиси ноҳия, роҳбари гурӯҳи корӣ ифтитоҳ намуда, иброз нмуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳими ояндасози мамлакат арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки “бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъмин менамояд”. Инчунин, оид ба нақшаҳои МИҲД дар самти рушди соҳаи маориф, бахусус дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баён доштанд. Ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, дар бораи рушди соҳаи иҷтимоӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Ҷомаҳмадзода Б., – намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияиброз намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ру оварда чунин таъкид намуданд, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони мамлакатро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ суботӣ сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Мо аз ҷавонони кишварро зарур аст, ки сазовори боварии Сарвари давлат бошем.
Азизова Б., – мудири бахши муҳоҷират дар ноҳия диққати ҳозиринро нисбати ворид гардидани тағйироту иловаҳо дар Қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки аксарияти шаҳрвандони ноҳия ба муҳоҷират мераванд, ҷалб намуд.
Қайд гардид, ки айни замон 124 ҳазор сокинони кишвар дар ин давлати муҳоҷирпазир бо сабаби пурра ба расмият надаровардани ҳуҷҷатҳо худ зери назорат қарор доранд. Маслиҳат дода шуд, ки алоқа бо фарзандону наздикон ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот, мусоидат намоянд. Давлатзода Р., – мудири бахши кор бо занон ва оила зимни суханронӣ оид сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии оила, модару кӯдак ва мавқеи зан дар ҷомеа суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомму манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат хело баланд бардоштааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират ба иштирокчиён варақаҳои итилоотӣ дода шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод