Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодаги пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази сершуғли муҳоҷират вохӯрию суҳбатҳо баргузор карда мешаванд.
Зимни баргузории вохӯриҳо ба шаҳрвандон вобаста ба навовариҳо ва тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия маълумоти муфассал пешниҳод мегардад. Аз ҷумла, иштирокчиён оид ба тартиби дурусти сафар, қоидаҳои будубош, бақайдгирӣ, фаъолияти меҳнатӣ, гирифтани иҷозатномаҳо ва дигар талаботи ҳатмии қонунгузории кишвари қабулкунанда маълумоти зарурӣ мегиранд.
Ҳамзамон, кормандони масъул ба саволҳои сершумори шаҳрвандон ҷавоб дода, машваратҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод менамоянд. Таъкид карда шуд, ки риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ омили асосии пешгирии қонунвайронкунӣ, ҷарима, ихроҷ ва маҳдудиятҳои минбаъда барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия мебошад.
Мақсад аз баргузории чунин вохӯрию суҳбатҳо пешгирии ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирати бехатар ва қонунӣ ба ҳисоб меравад.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар оянда низ идома ёфта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти ҳамкориҳои ниҳодҳои дахлдор дар самти муҳоҷират мусоидат хоҳад намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
