Вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ҳамарӯза кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб бо шаҳрвандоне, ки тавассути парвоз ба самти Федератсияи Россия сафар менамуданд, дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” суҳбату вохурӣ бо шаҳрвандон баргузор намуда истодаанд.
Аз ҷумла, донистани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ, тарзи гирифтани патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид дода, даъват ба амал оварда шуд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза барад.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.24, №1126 нашр шудааст, ки ба пурзӯр кардани назорат дар соҳаи муҳоҷират равона гардида, хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро, ки бояд ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда шаванд, муайян мекунад.
Фармон бо мақсади татбиқи Қонуни федералии аз 8 августи соли 2024, №260-ФЗ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» инчунин мӯҳлати чормоҳаро (аз 1 январи соли 2025 то 30 апрели соли 2025) муқаррар кардааст, ки дар давоми он шаҳрвандони хориҷӣ, шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бо вайрон кардани мӯҳлати будубош қарор доранд ва ё корфармоёни онҳо метавонанд ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия, аз ҷумла тавассути муассисаҳои ваколатдор (намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия, ки қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият менамоянд ё Муассисаи давлатии буҷетӣ ММБ “Сахарово”) барои танзими вазъи ҳуқуқӣ ва гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ муроҷиат намоянд.
Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузаронидани расмиёти муайянкунии биометрии шаҳрвандони хориҷӣ, ташхиси тиббӣ барои бемориҳои хатарнок, истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, инчунин санҷиши қарзҳо оид ба пардохти боҷҳо, андозҳо, пардохтҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст.
Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия аризаҳоро оид ба дароз кардани муҳлатҳои иқомат аз шаҳрвандони хориҷие қабул мекунад, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат надоранд.
Аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки қоидаҳои иқоматро вайрон кардааст, барои танзими вазъи ҳуқуқии худ бояд ба мақомоти минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии ВКД Россия ё намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”- и Вазорати корҳои дохилии Россия дар ҷойи иқомати худ муроҷиат кунад.
Мутобиқи Фармони мазкур нисбати шахсони муроҷиат намуда чораҳои вобаста ба ихроҷ, ҷойгир кардан дар муассисаҳои махсус ва инчунин манъи вуруд татбиқ карда намешаванд. Баъд аз гузаштани расмиётҳои муайяншуда, ба онҳо ҳуҷҷати қонунӣ барои будубош дода мешавад.
Бо фармони мазкур асосҳо барои рад кардани танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин манъи истифодаи ягон маҳдудият ва чораҳои маҷбуркунии давлатӣ нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки бо Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия шартнома бастаанд, муайян карда шудаанд.
Ҳалли масъалаи барасмиятдарории вазъи ҳуқуқӣ пас аз 1 майи соли 2025 ғайриимкон мегардад. Аз санаи мазкур нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Федератсияи Россия асосҳои қонуниро аз даст додаанд, то ихроҷ шудани онҳо аз Россия тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани қисме аз ҳуқуқҳо, аз ҷумла дар оянда ворид шудан ба Россия татбиқ карда мешаванд.
Дар рафти суҳбат ба нафароне, ки бе сабаб ё бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия ихроҷ гардидаанд тавсия дода шуд, ки руҳафтода нашуда барои дарёфти кор ба сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба дигар саволҳои иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои гуногун ҷавобҳои муфид дода шуда, маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои роҳнамоӣ ҳангоми сафар тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон