• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Суҳбату вохӯрӣ дар Терминали мусофиркашонии ноҳияи Темурмалик

Migration Service by Migration Service
18.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Суҳбату вохӯрӣ дар Терминали мусофиркашонии ноҳияи Темурмалик
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Терминали мусофиркашонии ноҳия суҳбату вохӯрӣ бо ронандагон ва мусофирон доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик Баҳодур Сафаров вобаста ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 иброз дошт, ки Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои  дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.

Гуфта шуд, ки Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.

Ҳадаф аз баргузории ин гуна суҳбату вохӯриҳоро таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа оид ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян намудану рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, унвон намуд.

Ба гуфтаи баромадкунандагон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст.

Сатҳи баланди ташвиқу тарғиби Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз асосҳои болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат буда, шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон масъулиятнок бошанд, меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро риоя намоянд, аз ҳуқуқҳои худ пурра истифода баранд ва дар ҷамъият  рафтори шоиста дошта, худогоҳу ватандӯст бошанд.

Таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дар зиндагии рӯзмарра дуруст ва бо камоли ақл амалӣ намоянд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Дастури созандаву раҳнамунсоз

Next Post

Бахтномаи миллати тоҷикон

Next Post
Бахтномаи миллати тоҷикон

Бахтномаи миллати тоҷикон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.