Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб суҳбату вохӯриҳо бо корҷӯён ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар назди “Бозори мардикор”-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ба ҳозирин, вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, донистани ҳуқуқ ва риояи қонунҳои амалкунандаи давлатҳои қабулкунанда, аз ҷумла кишвари Россия, эмин будан аз хатарҳои гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва имкониятҳои мавҷудаи бакортаъминкунии муташаккилона дар хориҷ ва дохили кишвар баромад намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Шуъба Абуллоев Зафар иброз намуд, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар бояд дар бораи давлати қабулкунанда, талаботи қонунгузории он дар самти муҳоҷират, донистани забон ва чи гуна худро эмин нигоҳ доштан аз хатарҳои гурӯҳҳои тундгаро ва экстремистию террористӣ маълумоти зарурӣ дошта бошад.
Қайд гардид, ки бо худ гирифтани ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва ташхиси тиббиро оиди надоштани бемориҳои сироятӣ зарурият дошта, соҳибкасб будан ва доштани ҳуҷҷати касбӣ дар бакортаъминшавии шумо кӯмак мерасонад. Барои гирифтани маълумот оиди кушода ё баста будани вуруди худ ба шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати ҷойи зист ва гирифтани машварати ройгон метавонед ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар муҳлати муайяншуда бояд худро дар ҷойи зисти муваққатӣ ба қайд гирифта, дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ патент гирифтан ҳатмӣ буда, кӯшиш намоед, ки бо корфармо ё ширкатҳои кордиҳанда шартномаи меҳнатӣ баста баъдан фаъолияти кориро идома диҳед.
Донистани забон ва доштани ҳуҷҷати касбӣ, имконияти хуби расман ба кортаъминшави дошта, вобаста ба ин барои соҳибкасб шудан ва гирифтани ҳуҷҷати касбӣ метавонед ба Филиалҳои марказҳои таълим сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намоед. Инчунин, ба ҷамъомадагон оид ба риояи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги он маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Вобаста ба масъалаи дар хориҷ ва дохили кишвар ба кор таъминшавии шаҳрвандони корҷӯй ва муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ дода шуд, ки ширкатҳои ватанӣ кормандони баландихтисос ва соҳибмалакаро бо маоши баланд ва шароити хуби корӣ ба кор таъмин мекунанд ва онҳо метавонанд ҷиҳати ҳалли ин масъала ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд.
Дар навбати худ намояндаи Шуъба Тағоев Б., ба ҳозирин оид ба масъалаҳои хатарҳои экстремистию террористии ҷаҳони муосир, дар канор гирифтани худ аз шомилшавӣ ба ин гурӯҳӯ созмонҳо, огоҳ будан аз амалҳои одамрабоӣ ва савдои одамон, ҷавоб надодан ба паёмакҳои телефонии шахсони ношинос ва даъватҳои ғаразноки шабакаҳои интернетӣ маълумоти муфассал дод.Дар самти дарёфти ҷойи кор дар ташкилоту корхонаҳои шаҳр ва ширкатҳои азими ватанӣ сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Р., ба ҳозирин маълумот дода, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар корхонаю ташкилотҳои шаҳр ва ширкатҳои ватанӣ ҷойҳои холии корӣ зиёд мавҷуданд ва онҳо метавонанд ба Шуъба муроҷиат намуда мушкилоти худро ҳаллу фасл намоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён варақаҳои роҳнамои ва иттилоотӣ дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон