Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати тақвият додани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, савдои одамон ва оид ба кор таъминшавӣ дар ширкатхои ватанӣ ва ҷалб намудани онҳо ба касбомӯзӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” бо муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад. Барои шомил кардан ба сафҳои худ гурӯҳҳои террористию экстремистӣ кушиш менамоянд ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ рӯ биёранд, ки онҳоро ҷавонон,шахсони бекор ва ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёз дошта, аз волидон ва ё ҷамъият ранҷида, дорои пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва дигарон ташкил медиҳанд.
Бо муҳоҷирони меҳнатие, ки онҳоро аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпас гардонидаанд суҳбатҳо карда шуда ба онҳо тавсия дода шуд, ки ба Хадамоти муҳоҷират ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии минтақаи зисти худ муроҷиат намуда, дар ширкатҳои ватанӣ, аз он ҷумла НБО “Роғун” ба онҳо ҷойҳои кории холӣ пешниҳод менамоянд.
Дар охир ба суолҳои сершумори шаҳрвандон аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ҷавобҳои мушаххас дод шуда, ба онҳо брошюраҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба “Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад” ва дигар варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон