• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
08.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират, суҳбату вохӯриро бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои супоридани имтиҳон ва гирифтани Сертификат аз забони русӣ, таъриху тамаддун ва қонунгузории Федератсияи Россия омадаанд, баргузор намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо, ин огоҳ намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тағйироту иловаҳо дар қонунгузори кишвари Россия дар самти муҳоҷират, шомил шудани ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад.

Дар рафти суҳбат ба ҳозирин расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст.

Ба таваҷҷуҳи иштирокдорон расонида шуд, ки он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар ин самт метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.

Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.

Қайд карда шуд, ки минбаъд, чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо сокинон пойтахт, аз ҷумла муҳоҷирони ба ватан бозгашта мунтазам гузаронида мешавад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа мебошанд

Next Post

Мубориза бо коррупсия бояд амали дастаҷамъона ва қарзи шаҳрвандии ҳар фард бошад

Next Post
Мубориза бо коррупсия бояд амали дастаҷамъона ва қарзи шаҳрвандии ҳар фард бошад

Мубориза бо коррупсия бояд амали дастаҷамъона ва қарзи шаҳрвандии ҳар фард бошад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.