Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, шуъбаи корҳои дохилии шаҳр ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо бо сокинон, фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат бо сокинон, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустуворӣ шабакаҳои иҷтимоӣ побандӣ раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омузгорон ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи друсти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаи мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд.
Барои пойдории сулҳу субот оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон, фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву ватандустӣ, меҳнатпарастӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани чунин суҳбату вохӯриҳо дар дигар ҷамоату деҳоти шаҳри Истаравшан баргузор хоҳад шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд