Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар муассисаҳои таълимии рақамҳои №15,2,29, ва 19 ноҳия дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Бӯстон бо хонандагон ва волидайни онҳо суҳбату вохуриҳо доир намуд.
Дар вохӯри баромадкунандагон оид ба муҳтавои Паёми Асосгзори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷмҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардида ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, тарбияи ватандустии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, шомил нагардидани шаҳрвандон ба хусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию – экстремистӣ, сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва бозгашт аз муҳоҷиратӣ меҳнатӣ, дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолияти занону бонувони ноҳия аз зинаи таҳсил дур мондани духтарон, таъсисдодани ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия, бо шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳия ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Сарвари давлати мо бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30-солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсоз пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.
Дар ин замина, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 31 декабри соли 2023 қабул гардид.
Мақсад аз “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як ҷомеа нақши асосӣ дошта, бе сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқиро ба даст оварда наметавонад.
Бояд қайд кард, ки баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо дар Ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод