Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути парвоз ва қатора ба кишвари Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда барои фаъолияти меҳнатӣ сафар мекунанд, тибқи фармоиши Сардори Хадамоти муҳоҷират дар бораи ташкил ва гузаронидани санҷишҳои ғайринавбатӣ, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасони ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ва “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душане” –и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, бо маром идома дорад.
Суҳбату вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандони мамлакат дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи корӣ Хадамоти муҳоҷират, ки ба он сардори шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Абдушаҳидов Ҳумоюн ва сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Ҷалилов Фирдавс шомил буданд, дар мулоқот бо шаҳрвандон дар бораи қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, қоидаҳои будубош ва дигар масоили мубрам фикру андешаҳои худашонро ба муҳоҷирон иброз намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба шаҳрвандоне, ки ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Питербург, Новосибирск, Иркутски ФР сафар доштанд бори дигар таъкид карда шуд, ки бояд ҳар яки онҳо пеш аз сафар намудан ба кишвари Россия, бояд касби муайяне дошта бошанд, забони давлати қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донанд ва қонунҳои амалкунандаи он кишварро бе чун чаро риоя намоянд, ки ҳангоми кору фаъолияташон дар онҷо ба мушкилиҳо дучор нагарданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯриву суҳбатҳо оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, одамрабоӣ, омӯзиши фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, қайд карданд, ки баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандон, пешгирии пайравии ҷавонони сустирода ба ақидаҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани ҳисси зиракиву сиёсии ҷавонон, таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар назди ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, яке аз самтҳои муҳимтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм мебошад.
Дар хатми суҳбатҳо ба шаҳрвандон буклетҳо доир ба: Китобчаи кисагии муҳоҷири меҳнатӣ, Тағйиротҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, Тундагро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?, Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ва Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҶСК “НБО Роғун” тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират