Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод дар муассисаҳои таълимии № 32,43,16, ва 2 бо волидони хонандагон, омӯзгорон, фаъолон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта суҳбату вохӯриҳо вобаста ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардиданд, доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Рашидзода М., сараввал иштирокчиёнро ҷиҳати эълон гардидани “Солҳои 2025-2030 рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, дар бораи рушди соҳаи иҷтимоӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳими ояндасози мамлакат арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки “бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъмин менамояд”. Инчунин оид ба нақшаҳои МИҲД дар самти рушди соҳаи маориф, бахусус дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Бӯстон баён доштанд.
Пиров Абдукарим – мушовири кабинети методии шубаи маориф оид ба рушди соҳаи маорифи ноҳия, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва иҷрои санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии рушди соҳаи маориф, суханронӣ намуд.
Раҷабзода Оятулло– мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳиязимни суханрони қайд намуданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дасгирӣ менамоем.
Азизова Басонат – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират диққати ҳозиринро нисбати ворид гардидани тағйироту иловаҳо дар Қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки аксарияти шаҳрвандони ноҳия ба муҳоҷират мераванд, ҷалб намуд.
Қайд гардид, ки айни замон 124 ҳазор сокинони кишвар дар ин давлати муҳоҷирпазир бо сабаби пурра ба расмият надаровардани ҳуҷҷатҳо худ зери назорат қарор доранд. Маслиҳат дода шуд, ки алоқа бо фарзандону наздикон ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот, мусоидат намоянд.
Давлатзода Раъно – мудири бахши кор бо занон ва оила зимни суханронӣ оиди сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии оила, модару кӯдак ва мавқеи зан дар ҷомеа суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки 49,9 фоизи аҳолии ноҳияро занҳо ташкил намуда, ғамхории ҳамҷониба ба ҳифзи иҷтимоии оила, дастгирии иштироки занҳо дар пешбурди зиндагӣ, кору фаъолият, рушди соҳибкорию ҳунармандӣ ва дигар самтҳо фаъолият назаррас мебошад. Баробари ин камбудиҳо дар самти ҷудошавии оилаҳо, мушоҳидаи омилҳои хурофотпарастӣ, тақлиди пушидани либосҳои ба зани тоҷик бегона, тарбия ва ба воя расонидани фарзанд ва бисёри дигар омилҳои номатлуб мушоҳида мегарданд. Чунин вохӯриву суҳбатҳо дар дигар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод