• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Суҳбату вохӯриҳои самимӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Фархор

Migration Service by Migration Service
13.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Суҳбату вохӯриҳои самимӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Фархор
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади шарҳу тавзеҳ ва тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлол суҳбату вохӯриҳои самимӣ бо сокинон баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси худшиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон ба корҳои ободониву рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Масъулин оид ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, мубориза ва пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, аз даст надодани зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ва ҳифз намудани сулҳу субот, эҳсоси баланди масъулият дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатсозӣ, боло бурдани ҳисси баланди худшиносӣ, ба дарки мардум фаҳмонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус динидошта, тоза кардани имону эътиқоди дин, диндорӣ ва дини мубини ислом, дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, омилҳои асосии таълиму тарбияи фарзандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, фарҳанги бегонапарастӣ, муҳоҷирати бехатар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, алалхусус ҷавонон, сухан ронда, таъкид намуданд, ки мо бояд дастовардҳои бузургтарин – озодиву Истиқлол, ки бархе аз душманони миллат мехоҳанд бар пойдевори амну суботи Тоҷикистони азизамон рахна зананд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоем.

Дар навбати худ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия таваҷҷуҳи сокинонро ба он ҷалб намуд, ки он нафароне, ки айни замон дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд,  ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд.

Дар вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё “шарикони расмӣ” муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд.

Дар ҳеҷ сурат ҳуҷҷатҳо ва маълумоти шахсии худро бе санҷиши ваколати шахсони муроҷиаткунанда ба дасти ашхоси бегона насупоред.
Маълумотҳои лозимаро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед, аз ҷумла аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсиия Россия, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия ва мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия.

Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа ё ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ, хоҳиш карда мешавад, ки фавран ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия муроҷиат намоед, то шарҳу машварати ҳуқуқӣ дастрас намоед.

Ҳуҷҷатҳо, маълумоти шахсӣ ва маблағҳои худро ҳифз намоед. Амнияти шумо ва ҳимояи ҳуқуқиатон аз ҳушёрии шумо вобаста аст.

Дар охир ба саволу дархостҳои сокинон посухҳои қонеъкунанда манзур карда шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Суҳбату вохӯриҳо бо сокинони Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

Next Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Next Post
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.