Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик, ки дар он муовинони Сардори ШВКД ва КДАМ-и ноҳия шомил буданд, дар Ҷамоати деҳоти С. Раҳимов, Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳоти Кушктеппа суҳбату вохӯриҳо бо сокинон баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо гурӯҳи корӣ оиди шарҳ ва тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста эълон гаштани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” марҳилаи нави рушди ҷомеа маҳсуб мешавад.
Бояд эътироф намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани зиндагии шоиста, тамоми санадҳои ҳуқуқӣ таҳия, пешбарӣ ва қабул шудаанд.
Дар ҷавоб ба ин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ сокинони мамлакатро мебояд маърифати ҳуқуқии худро баланд бардошта, дар бунёди давлати миллии муосири пешрафта бо роҳи риояи қонунҳо саҳми шоиста гузоранд, суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди бомароми сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст.
Таъкид карда шуд, ки донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои ҷумҳурӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Вале дар сурати риоя нагардидани қонунгузорӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқи мегардад. Зеро мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон