• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Суҳбату вохӯриҳои судманд дар ноҳияи Файзобод

Migration Service by Migration Service
16.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Суҳбату вохӯриҳои судманд дар ноҳияи Файзобод
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод дар якҷоягӣ бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки  муовини раиси ноҳияи Файзобод Рашидзода Махфират Мансур  дар Ҷамоатҳои  деҳоти Бӯстон ва Вашгирд, дар муассисаҳои таълимии №3, 4, 43, 1, 35  бо омӯзгорону хонандагон, падару модарон, фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Дар чорабинии мазкур Неъматуллозода Шаҳноза, корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳия қайд намуд, ки бархе ҷавонон дар оилаҳое ба воя мерасанд, ки аз фарҳанги ватандӯстӣ, гиромидошти ҳурмату эҳтироми волидайну пайвандон, калонсолон маҳруманд.

Маҳз чунин ҷавонон зери таъсири таблиғоту ташвиқоти гурӯҳҳои иртиҷоӣ мемонанд.

Маҳз бо ҳамин сабаб чораҳои ташкиливу амалӣ андешида шаванд, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи урфу анъана ва одатҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии ҳамдигар, гиромидошти арзишҳои таърихи, миллӣ ва монанди инҳо тарбия ёбанд.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки мунтазам вохӯрии ҷавонону наврасон бо хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, пешқадамони истеҳсолот, фаъолон, шахсони обрӯманд ташкил ва гузаронида шавад.

Ҳамзамон дар бораи иштироки накардани хонандагон дар дарс ҷаримабанди кардани волидайн низ сухан карданд.

Дар навбати худ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Басонат Азизова баромад намуда, дар бораи вазъи имрӯзаи муҳоҷират, аз ҷумла, қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, донистани забон  ва қонуну қоидаҳои давлати муҳоҷирпазир, ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ намудани муҳоҷирон дар доираи иҷроиши қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷа, доштани касби муносиб, гирифтани  Патент, инчунин, риояи Барномаи  миллии ташаккули  тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ, ташхису табобати он  дар  байни муҳоҷиронӣ меҳнатӣ бурдани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ, суханронӣ намуд.

Чанд сухан дар бораи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву – террористӣ   ибрози назар намуда, карда қайд карданд, ки имрӯз  яке аз  масъалаҳои  муҳим   ва  ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ   ва   ҷумҳурии моро  низ ба ташвиш  овардааст, терроризм  ва  ифротгароӣ  мебошад.

Терроризм  ва  ифротгароӣ  яке аз   зуҳуроти  номатлуб  дар  замони   имрӯза  ба  шумор меравад, зеро  он  боиси ба  миён  омадани  оқибатҳои  нохуш,  таҳдид ё  истифодаи  зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар  мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани  низои  миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Бояд қайд намоем, ки донистани забони давлатҳои дигар чи дар дохили ҷумҳурӣ ва дар хориҷи мамлакат зарур мебошад, надонистани забони давлати муҳоҷирпазир боиси саргардонии шаҳрвандони  мо мегардад.

Оиди ҷойҳои кории холӣ барои шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба давлатҳоти дигар манъ аст, дар ширкатҳои сохтмонии  Неругоҳи барқии обии Роғун аз тарафи Хадамоти муҳоҷират пешниҳод гардид.

Шахсоне, ки хоҳиши кор кардан дар “НБО Роғун” доранд, ба бахшу шуъбаҳо ва Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон дар бораи баргаштани шаҳрвандони дар муҳоҷират буда, аз ташхиси табибон, сухан намуданд.

Давлатзода  Р.,  мудири бахши кор бо занон ва оила сухан намуда,  қайд кард,  ки  баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, баробарҳуқуқии мардону занон, муаррифи кардани ҳунарҳои занони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Имрӯзҳо бонувони тоҷик дар соҳаҳои маориф, тандурӯстӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил медиҳанд ва зарур аст, ки баҳри дар тамоми самтҳои фаъолият, аз ҷумла муассисаҳои бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.

Бояд мо занону духтарон барои баланд бардоштани номи зани тоҷик дар тамоми кишварҳо, тарғибу ташвиқ ва тарзи пӯшидани либосҳои миллӣ ҳамеша саҳмгузор бошем. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад. Оиди ба расмият даровардани никоҳи хешу таборӣ қайд карда гузаштанд.

Ҷомаҳмадова Б., сармутахассиси   бахши кор бо ҷавонон ва варзиш сухан намуда қайд карданд,  ки дар бораи ба Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар кардани ҷавонон аҳамияти махсус дода, марзу буми ин Ватани муқаддасро нигоҳ бояд дошт. 

Мо ҷавононро  зарур аст, ки баҳри пойдору устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи   Ватани азиз,   иштироки ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ  ва ширкат варзидан дар стипендияҳои Президентӣ ва ноҳиявӣ, фаъол бошанд.

Алиева Н., сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия баромад намуда оиди қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ” пӯшидани сару либоси ягона, тозагии синфҳо, робитаи мактаб бо волидайн ва дигар масъалаҳо, сухан намуд. 

Азизова Басонат,

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд

Next Post

Таърих ҳамеша гувоҳ аст

Next Post
Таърих ҳамеша гувоҳ аст

Таърих ҳамеша гувоҳ аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.