Сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ноил шудан ба ин пояи баланди сиёсӣ, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар роҳҳои басо мушкилро аз сар гузаронида, бо ақлу хиради худ ба он даст ёфтанд. Таърихи давлатдории тоҷикон собит сохт, ки мардуми кишвар бо Сарвари худ дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷўиро гирифта метавонад, обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз мекунад. Пешвои миллат исбот сохт, ки таърихи навини давлат ва миллат давраҳои душвортарин аз ҷумла, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳилаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми комилан нав – гузоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро сарбаландона паси сар намуд. Ба халқи азизи заҳматкашидааш сулҳ, соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатиро таъмин намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сардафтари таърихи навини миллати тоҷик чун бузургону пешвоёни дигар дар рўзи нахустини по бар арсаи роҳбарӣ ниҳодан ба мардуми тоҷик иброз намуд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меоварам” муроҷиат намуд: “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то охирин тоҷикеро, ки дар диёри бегона хору забун аст ва номи гурезаро гирифтааст, ба Тоҷикистон барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам”. Қаҳрамониву диловарӣ ва номуси ватандории ин шахсияти барҷаста мардуми тоҷикро аз хатар ва ҷангҳои хонумонсӯз наҷот бахшид, гурезаҳоро аз кишвари ҷангзадаи ҳамсоя – Афғонистон баргардонида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Ба одамони гумроҳ ва хусусан ба сардорони дастаҳои мухолиф ғояи ягонагии миллӣ ва худшиносии миллиро талқин намуда, тавонист онҳоро гирди худ муттаҳид созад.
Аҳамият ва сабақҳои асосии сулҳи тоҷикон чунинанд: бо туфайли сулҳ хатари барҳам хӯрдани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз байн рафт, оштии миллӣ нишон дод, ки халқи тоҷик тамаддуни бой ва фарҳанги қадима дошта, мардуми сулҳдӯст буд ва мемонад.
Имрӯз раванди истиқлолият ва худшиносӣ тақозо мекунад, ки на танҳо ба гузаштаи дуру наздик ифтихор кунем, балки ба тақдири ояндаи кишвар назар карда, ҳадафҳои минбаъдаро пешбинӣ ва тарҳрезӣ намоем.Боварии комил дорем, ки ҳазорсолаи сеюм барои мо асри таҳкими истиқлоли кишвар, рушду нумӯи давлатдории миллӣ, асри дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон хоҳад шуд. Ба ин роҳи дурусти тақдирсоз моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ва ояндаи неку осуда ҳидоят хоҳад намуд.
Тошмухамедова Шаҳноза,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират